Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти сарони ИДМ. Раҳбарӣ ба Туркманистон гузашт. ВИДЕО, АКС


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) баъди тақрибан ду соати гуфтугӯ паси дарҳои баста дар Душанбе раёсати даврии ин созмонро ба Туркманистон супурданд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ба ин нишаст наомад. Пурли Оқомуродов, муовини нахуствазири Туркманистон, ба намояндагӣ аз ӯ раёсати даврии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро қабул кард ва гуфт, дар як соли оянда "барои рушди муносибатҳои кишварҳои узв" ва бахусус ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ талош хоҳанд кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нишасти сарони ИДМ дар Душанбе: Чӣ гуфтанд ва чӣ шуниданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Тайи як соли охир раёсати ин созмонро Тоҷикистон бар уҳда дошт. Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, як соли раёсати Тоҷикистонро дар ин созмон муваффақона арзёбӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ ҳангоми натиҷагирӣ аз як соли раёсати кишвар бар ИДМ гуфт, Душанбе бештар ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, харидуфурӯши одам ва терроризм таваҷҷуҳ кардааст.

Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 28-уми сентябр дар "Кохи Сомон"-и шаҳри Душанбе баргузор ва бо имзои 16 санад ба поён расид. Муҳимтарини онҳо:

  • Конвенсия барои ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон бо ҳадафи сулҳ,
  • Барномаи муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои 2019-2023,
  • Созишнома дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад.

Сарони кишварҳо, инчунин, ба муносибати 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон изҳорот доданд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар нишаст "таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод" низ баррасӣ шудааст.​

Аксҳои бештар дар инҷост:

Сергей Лебедев, раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷузъиёти нишасти сарони кишварҳои узвро ошкор накард. Танҳо гуфт, ки онҳо "дар ҳамаи масъалаҳо ба тавофуқ расиданд".

Лебедев афзуд, бар асоси пешниҳоди Туркманистон нишасти сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 11-уми октябри соли оянда дар шаҳри Ишқобод баргузор хоҳад шуд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 27 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари Шӯравии собиқ таъсис ёфтааст. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки ИДМ як созмони “шаклногирифта ва бесамар” аст.

Раҳбарии даврии ИДМ аз Тоҷикистон ба Туркманистон гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд. Кишварҳои назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстония ҳеҷ гоҳ аъзои ин созмон набуданд. Гурҷистон баъди ҷанги моҳи августи соли 2008 бо Русия аз узвияти СНГ хориҷ шуд.

Украина ба далели мухолифатҳояш бо Русия ва ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 чанд сол боз намояндагони худро ба нишасти созмон намефиристад.

Зиёфати сарони кишварҳои ИДМ як рӯз қабл аз нишаст:

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG