Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ – рақиби Тоҷикистон дар чорякфинали қаҳрамонии Осиё


Рақиби мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия ғолиби гурӯҳи «В» – мунтахаби Кореяи Шимолӣ - гардид.

Бозии миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 30-юми сентябр, дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор хоҳад шуд

Дастаи мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ (U-16) бо 7 имтиёз дар гурӯҳи «В» ғолиб шуд. Дар сабқати гурӯҳӣ футболбозони навраси Кореяи Шимолӣ бар дастаҳои Яман бо ҳисоби 1:0 ва Умон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, инчунин бозиро бо мунтахаби Урдун бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо 4 имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми дувумро касб намуд ва ба чорякфинал баромад. Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии аввал аз тими мизбон – Малайзия – бо ҳисоби 2:6 мағлуб шуда, бозии дувумашонро бо мунтахаби Ҷопон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд ва дар бозии ҳалкунанда барои аз гурӯҳ баромадан бар тими Тайланд бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Бозии чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 30-юми сентябр, дар варзишгоҳи «Петалинг Ҷая»-и шаҳри Куала-Лумпур соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (17:45 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Ғолиби чорякфинал соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) мегардад, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

Тайланд – Тоҷикистон – 1:2

Голҳо: Озодбек Панҷиев, 39 (0:1). Супҳанат Муеанта, 81 (1:1). Ислом Зоиров, 84 (1:2).

Тоҷикистон: Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарипов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев (Шоҳрух Сангов, 51), Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Озодбек Панҷиев (Ҳамадонӣ Камолов, 67), Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Суннатулло Исмоилов (Рустам Соиров, 33).

Бозигари беҳтарини дидор: Ислом Зоиров (Тоҷикистон).

Сардовар: Шукрӣ Ҳусайн Ал-Хунфуш (Арабистони Саудӣ).

Нозири доварон: Санкар Комалисваран (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Ричард Ҷонсон (Филиппин).

27 сентябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи «UM Arena». 75 тамошобин.

Малайзия – Ҷопон – 0:2

Голҳо: Шоҷи Тояма, 37 (0:1). Ҳикару Наруока, 90+4 (0:2).

Сардовар: Ким Ву Сунг (Кореяи Ҷанубӣ).

27 сентябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 8378 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

3

2

1

0

7-2

7

2

Тоҷикистон

3

1

1

1

4-7

4

3

Тайланд

3

1

0

2

7-9

3

4

Малайзия

3

1

0

2

8-8

3

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Умон – Яман – 2:0

Кореяи ШимолӣУрдун – 2:2

Даври 2-юм

УрдунУмон – 2:2

Яман – Кореяи Шимолӣ – 0:1

Даври 3-юм

Кореяи ШимолӣУмон – 3:1

ЯманУрдун – 5:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «В»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Кореяи Шимолӣ

3

2

1

0

6-3

7

2

Умон

3

1

1

1

5-5

4

3

Яман

3

1

0

2

5-4

3

4

Урдун

3

0

2

1

5-9

2

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Эрон – Индонезия – 0:2

Ветнам – Ҳиндустон – 0:1

Даври 2-юм

ҲиндустонЭрон – 0:0

Индонезия – Ветнам – 1:1

Даври 3-юм

Эрон – Ветнам – 5:0

Ҳиндустон – Индонезия – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи «С»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Индонезия

3

1

2

0

3-1

5

2

Ҳиндустон

3

1

2

0

1-0

5

3

Эрон

3

1

1

1

5-2

4

4

Ветнам

3

0

1

2

1-7

1

Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

Ироқ – Афғонистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ – Австралия – 3:0

Даври 2-юм

Австралия – Ироқ – 2:1

Афғонистон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:7

Даври 3-юм

28 сентябр (ҷумъа)

13:30 Ироқ – Кореяи Ҷанубӣ. Варзишгоҳи «UM Arena»

13:30 Австралия – Афғонистон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «D» баъди даври дуюм

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Кореяи Ҷанубӣ

2

2

0

0

10-0

6

2

Австралия

2

1

0

1

2-4

3

3

Ироқ

2

1

0

1

3-3

3

4

Афғонистон

2

0

0

2

1-9

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Чорякфинал

30 сентябр (якшанбе)

13:30 – Ҷопон – Умон. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

17:45 – Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»

1 октябр (душанбе)

13:30 – Индонезия – 2 «D». Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

17:45 – 1 «D» – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»

Нимфинал

4 октябр (панҷшанбе)

13:30 – Ғолиби ҷуфти Ҷопон/Умон – Ғолиби ҷуфти Индонезия/2 «D». Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

17:45 – Ғолиби ҷуфти Кореяи Шимолӣ/Тоҷикистон – Ғолиби ҷуфти 1 «D»/Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Петалинг-Ҷая»

Финал

7 октябр (якшанбе)

17:45 Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG