Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди занон ва бохти мардони шатранҷбози тоҷик дар Олимпиада


Дар даври чоруми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 27-уми сентябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, дастаи занонаи Тоҷикистон бар тими Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 2,5:1,5 пирӯз шуд, вале тими мардона аз мунтахаби Нидерланд бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Ба ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ ва Сабрина Абророва (капитан Саодат Одинаева) дохиланд. Антонова бар Денис Буаҳ ва Ҳотамӣ бар Мичели Фишер ғолиб омаданд. Абророва бозиро бо Чарлиз Ван Зил мусовӣ кард. Вале Насриддинзода аз Ҷесси Никки Фебруари мағлуб гашт. Баъди чор даври мусобиқот Антонова 3,5 имтиёз, Ҳотамӣ 3 имтиёз, Абророва 2,5 имтиёз ва Насриддинзода 2 имтиёз гирифтаанд.

Дар даври чорум дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Амин Қобилов (капитан Ҷамшед Исоев) аз тими Нидерланд бо ҳисоби 0:4 мағлуб гашт. Бузургустод Фаррух Амонатов пас аз се пирӯзӣ аз гроссмейстери байналмилалӣ Аниш Гири ноком шуд. Инчунин се шатранҷбози дигари тоҷик бозиҳоро ба гроссмейстерҳои байналмилалӣ бохтанд. Муҳаммад аз Эрвин Л Ами, Мустафохоҷа аз Ҷорден Ван Форест ва Қобилов аз Сергей Тивиаков шикаст хӯрданд.

Пас аз анҷоми чор даври мусобиқот Фаррух Амонатов 3 имтиёз, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва Амин Қобилов 1,5-имтиёзӣ, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Алишер Каримов якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Баъди натиҷагирии даври чорум дар байни 151 тими занона Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина, Муғулистон, Арманистон ва Гурҷистон-1 бо 8-имтиёзӣ пешсафанд. Тими занонаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи 35-умро касб намудааст.

Тими занонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Туркманистон (4 имтиёз, дар ҷойи 53-юм) ва Қирғизистон (4 имтиёз, дар ҷойи 81-ум) пеш аст, вале баъди Узбекистон (6 имтиёз, дар ҷойи 18-ум) ва Қазоқистон (6 имтиёз, дар ҷойи 22-юм) ҷойгир шудааст.

Дар сабқати мардон Озарбойҷон, Лаҳистон, Чин, Фаронса, Исроил, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Арманистон, Ҷумҳурии Чех ва Украина бо 8-имтиёзӣ дар зинаҳои боло қарор доранд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар байни 150 кишвар дар зинаи 80-ум ҷойгир шудааст.

Тими мардонаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон (6 имтиёз, дар ҷойи 44-ум), Қазоқистон (4 имтиёз, дар ҷойи 67-ум), Узбекистон (4 имтиёз, дар ҷойи 68-ум) ва Туркманистон (4 имтиёз, дар ҷойи 75-ум) қарор дорад.

Дар даври панҷуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми имрӯз, 28-уми сентябр, тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Канада, ки бо 6 имтиёз дар ҷойи 14-ум аст, рақобат мекунад. Рақиби тими мардонаи Тоҷикистон дар даври панҷум дастаи Қазоқистон мебошад.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми то рӯзи 6-уми октябр идома хоҳад кард. Олимпиадаи шоҳмотро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст.

XS
SM
MD
LG