Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шатранҷбозони тоҷик дар даври сеюми Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Фаррух Амонатов
Фаррух Амонатов

Дар даври сеюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 26-уми сентябр дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, дастаи занонаи Тоҷикистон бар тими Ямайка бо ҳисоби 4:0 ва тими мардона бар мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.

Ба ҳайати дастаи занонаи Тоҷикистон Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ ва Сабрина Абророва (капитан Саодат Одинаева) дохиланд. Насриддинзода бар Криша Грей, Антонова бар Ариел Барретт, Ҳотамӣ бар Рашел Миллер ва Абророва бар Марго Виллямс ғолиб омаданд. Баъди се даври мусобиқот Антонова 2,5 имтиёз ва се шатранҷбози дигари тоҷик дуимтиёзӣ гирифтаанд.

Дар даври сеюм дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Амин Қобилов ва Алишер Каримов (капитан Ҷамшед Исоев) тими Тайландро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Амонатов бар Висуват ва Каримов бар Тирачоти Праситсунзорн ғолиб омаданд. Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бозиро бо Танадон Кулрпуетанон ва Амин Қобилов бо Бунсуеб Сиҳенг мусовӣ карданд.

Пас аз анҷоми се даври мусобиқот Фаррух Амонатов се имтиёз, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва Амин Қобилов якунимимтиёзӣ, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев ва АлишерКаримов якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Баъди натиҷагирии даври сеюм дар байни 150 тими занона ду даста – Чин ва Арманистон - бо 10-имтиёзӣ пешсафанд. Тими занонаи Тоҷикистон бо 8,5 имтиёз ҷойи 50-умро касб намудааст.

Дар сабқати мардон Фаронса бо 11,5 имтиёз дар ҷойи аввал ва Исроил бо 11 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор доранд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 8 имтиёз дар байни 150 кишвар дар зинаи 53-юм ҷойгир шудааст.

Дар даври чоруми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми, ки имрӯз, 27-уми сентябр, барпо мегардад, тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Африқои Ҷанубӣ ва тими мардона бо мунтахаби Нидерланд рақобат мекунанд.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Батуми то рӯзи 6-уми октябр идома хоҳад кард. Олимпиадаи шоҳмотро Федератсиони байналмилалии шоҳмот (FIDE) дар ду сол як маротиба баргузор менамояд. Аввалин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот соли 1927 доир шудааст.

XS
SM
MD
LG