Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони тоҷик аз роҳхат ба қаҳрамонии Осиё-2019 маҳрум шуданд


Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) дар марҳалаи аввали интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола дар гурӯҳи «С» мақоми чорумро соҳиб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳалаи дувум маҳрум гашт.

Дар мусобиқаи гурӯҳи “С” дастаи мунтахаби Тайланд, ки дар ҳамаи бозиҳояш ғолиб омад, бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Тими Эрон бо 9 имтиёз дувум шуд. Дастаи Сингапур бо 6 имтиёз мақоми севумро касб намуд.

Дар гурӯҳи «С» барои дарёфти роҳхат ба марҳалаи дувум дастаҳои мунтахаби духтарони зери 16-солаи Тоҷикистон, Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ ва Сингапур рақобат карданд. Мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 17-ум то 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-16) дар аввалин бозиаш аз тими Сингапур (U-16) бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда, дар бозии дувумаш бар тими Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Духтарони футболбозои тоҷик ду бозии минбаъдаро ба тимҳои Тайланд ва Эрон бо ҳисоби якхелаи 0:8 бохтанд.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи гурӯҳи “С” дастаи мунтахаби Тайланд, ки дар ҳамаи бозиҳояш ғолиб омад, бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Тими Эрон бо 9 имтиёз дувум шуд. Дастаи Сингапур бо 6 имтиёз мақоми севумро касб намуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз мақоми чорумро соҳиб гашт. Тими Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Дастаи мунтахаби Тайланд ба ҳайси мизбон ба марҳалаи дувуми қаҳрамонии Осиё-2019, ки аз 23-юми феврал то 3-юми марти соли оянда баргузор мешавад, роҳ ёфтааст. Бинобар ин, аз гурӯҳи “С” мунтахаби Эрон ба марҳалаи баъдӣ роҳхат гирифт.

Ҳамин тариқ, ҳашт дастаи марҳалаи аввали интихобӣ – ғолибони шаш гурӯҳ (Чин, Лаос, Эрон, Австралия, Мянмар ва Бангладеш), инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум (Ветнам ва Филиппин) ба марҳалаи дувуми қаҳрамонии Осиё-2019 роҳ ёфтанд.

Инчунин се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии охирини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон – ба мусобиқаи ниҳоии қитъавӣ, ки соли оянда доир мешавад, мустақиман роҳхат гирифтаанд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 миёни духтарони зери 16-сола

Марҳалаи аввал. Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

15 сентябр (шанбе)

Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ – Эрон – 0:12

Тоҷикистон – Сингапур – 1:4

Даври 2-юм

17 сентябр (душанбе)

Сингапур – Тайланд – 0:6

Тоҷикистон – Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ – 3:0

Даври 3-юм

19 сентябр (чоршанбе)

Эрон – Сингапур – 4:0

Тайланд – Тоҷикистон – 8:0

Даври 4-ум

21 сентябр (ҷумъа)

Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ – Тайланд – 0:8

Эрон – Тоҷикистон – 8:0

Даври 5-ум

23 сентябр (якшанбе)

Сингапур – Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ – 4:0

Тайланд – Эрон - 3:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд

4

4

0

0

25-1

12

2

Эрон

4

3

0

1

25-3

9

3

Сингапур

4

2

0

2

8-11

6

4

Тоҷикистон

4

1

0

3

4-20

3

5

Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ

4

0

0

4

0-27

0

XS
SM
MD
LG