Бо вуҷуди талошҳои президенти ИМА Доналд Трамп барои барқарорсозии муносибатҳо бо Русия, Маскав натавонист, "манфиаташ"-ро дар Украина ва Сурия исбот кунад. Ин нуктаро котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 23-юми сентябр дар суҳбат бо телевизиони NBC баён дошт.
"Президент талош кард, муносибатҳоро тағйир диҳад, вале мо ҳадди ақал дар ҳоли ҳозир натавонистем ба пешрафте ноил шавем", - иқрор кард Помпео.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ба ҳам созгор будани манфиатҳои ИМА ва Русия дар як қатор масоил, арзишҳои ду кишвар комилан гуногун боқӣ мемонанд.
Изҳороти раҳбари Департаменти давлатии Амрико чанд рӯз баъд аз он пахш шуд, ки ин ниҳод 33 шахси ҳуқуқиву воқеии русро ба "рӯйхати таҳримшудаҳо" ворид кард. Ҳамчунин зидди Чин барои харидории ҳавопаймоҳои Су-35 ва маҷмааи мушакии С-400 таҳрим эълом кард.
Ба рӯйхати таҳримшудаҳо шахсоне низ шомил шуданд, ки бо хадамоти махсуси Русия ҳамкорӣ мекунанд. Дар миёни онҳо афсарони иктишофӣ ва кормандони "Оҷонси интернетӣ-пажуҳишӣ" низ ҳастанд, ки додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер пештар расман онҳоро ба кӯшиши дахолат дар интихоботи Амрико айбдор кард. Созмони "Оборонлогистика" ва корхонаи авиатсионии Комсомолск-на-Амуре ҳам зери таҳрим қарор гирифтанд.