Як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо гумони қатли писар ва захмӣ кардани наберааш дастгир шудааст.
Мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки Раҳмон Миронови 59-сола шоми 20-уми сентябр бо камони шикорӣ ба писараш Ҷумъахон Миронов ҳамла кард ва ӯро кушт. Дар ин ҳодиса набераи панҷсолааш захмӣ шудааст.
Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳмон Миронов баъди ин ҳодиса дар хонааш пинҳон шудааст.
“Вақте ӯро ёфтанд, ба маъмурони милиса муқобилият нишон дод. Дар охир доруи зидди ҳашаротро нӯшиду аз пой афтид. Ҳоло дар бемористон таҳти назорати пизишкон аст. Маъмурони милиса низ ӯро назорат доранд”, - гуфт манбаъ.
Шарҳи расмии қатли писар ба дасти падар маълум нест.
Вале ҳамсояҳои Раҳмон Миронов мегӯянд, баъди онки зани ӯ аз дасташ фирор кард ва ба Русия рафт, муносибаташ бо фарзандон низ сард шуд. Раҳмон Миронов як сол боз се киломер дуртар аз хонаи писараш Ҷумъахон танҳо мезистааст.
Ҳамсуҳбати мо дар мақомоти интизомӣ гуфт, зоҳиран якдигарнофаҳмӣ байни падару фарзандон ба ин ҳодиса оварда расондааст. “Шом дар даст камони шикорӣ ба хонаи Ҷумъахон меояд. Ин камон дар сабти мақомот нест. Вақте писар дарро мекушояд, ӯро мепарронад. Ҷумъахон дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Ба пойи наберааш низ як тир задааст. Ӯ ҳам захмист ва дар бемористон аст”, - афзуд манбаъ.
Ҳоло додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ нисбат ба Раҳмон Миронов парванда боз карда, таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.