Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 21-уми сентябр дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Кемин гуфт, ба "ҳукмронии хонаводагӣ" дар кишвараш иҷозат нахоҳад дод.
Ӯ гуфт, ба муҷозоти шахсоне ҳам дастур додааст, ки аз номи президент дар Қирғизистон сӯистифода мекунанд.
"Барқасдона овоза мекунанд, ки гӯиё Ҷеенбеков ба Боқиев табдил шуда, наздиконаш ӯро идора мекунанд. Ба ҳеч кас иҷозат намедиҳам. Агар огаҳ шудам, сахт чора хоҳам андешид. Инро ҳама медонанд. Ҳоло "дӯстон"-у "хешовандон"-и зиёди ман пайдо шудаанд. Худро хеши ман гуфта, мансаб мегиранд. Дар ин ҳолатҳо бояд онҳоро боздошт кард. Таҷрибаи президентҳои пешин барои ман дарси бузург аст. Ман як писар ва як духтар дорам. Писарам дар синфи 4-ум мехонад. Ӯ то ба синyи Максим Боқиев мерасад, ки ман аз мансаб хоҳам рафт. Ҳадафи ман ин аст, ки дар миёни мардум бошам ва ором президентиро супорам", - изҳор дошт ӯ.
Президенти Қирғизистон пештар ҳам гуфта буд, ки ба "ҳукмронии хонаводагӣ" дар кишвараш иҷозат нахоҳад дод.
"Мо бори дигар ба ҷаҳониён нишон додем, ки мардуми қирғиз ба ормонҳои адолат эҳтиром мегузорад. Ҳеч гоҳ ба зону намезанад ва ҳукмронии хонаводагиву қабилавиро таҳаммул намекунад", - афзуд Ҷеенбеков.