Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 27-28-уми сентябр аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин бора сухангӯи Мирзиёев -- Комил Алламҷонов дар Фейсбук хабар дод.
"Дар рӯзи якуми сафар як қатор чорабиниҳои дуҷониба дар назар аст. Президент 28-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе иштирок мекунад. Баргузории гуфтугӯҳо дар доираи хурду васеъ ва имзои як қатор санадҳо дар назар аст", - навиштааст сухангӯи президенти Узбекистон.
Раҳбарони ду кишвар бори охир моҳи августи имсол дар шаҳри Тошканд мулоқот карданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17-уми август сафари давлатиро дар Узбекистон анҷом дод, ки дар 20 соли охир бори аввал сурат гирифтааст.