Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар меҳмонӣ "Кӯктош"-ро шикаст дод


Дастаи «Истиқлол» -и Душанбе дар бозии даври ҳабдаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар даври ҳаждаҳум "Истиқлол" 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо «Хуҷанд» рӯбарӯ мешавад.

Ин бозии марказии даври ҳабдаҳум 18-уми сентябр дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳузури 5000 тамошогар доир гардид. Ду голи «Истиқлол»-ро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаҳои 45-ум ва 81-ум (аз пеналтӣ) ва як голи дигарро Амирбек Ҷӯрабоев дар дақиқаи 60-ум заданд.

Голҳои мизбононро Меҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаи 15-ум ва легионер аз Гана Идан Окран дар дақиқаи 58-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонданд.

Зимнан, дар ибтидои дидор тӯби аз ҷаримаи 11-метрӣ задаи бозигари «Истиқлол» Аҳтам Назаровро дарвозабони «Кӯктош» Баҳовиддин Холиқов баргардонд.

Ба ин тартиб се имтиёзи дар ин бозӣ бадастоварда ба «Истиқлол» имкон дод, ки бо 42 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи аввал барояд. Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 39 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. Бо вуҷуди бохт «Кӯктош» бо 24 имтиёз мавқеашро дар зинаи севум нигоҳ дошт.

Ду бозии дигари даври ҳабдаҳум бегоҳи имрӯз, 19-уми сентябр, баргузор мешавад. «Панҷшер» дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Балхӣ бо «Хатлон»-и Бохтар ва «Регар-ТадАЗ» дар вазишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бо «Хуҷанд» вориди рақобат мешаванд.

Дар бозии охирини даври ҳабдаҳум рӯзи панҷшанбе, 20-уми сентябр, «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор муқобили ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунад.

Ҳамин тариқ, мубориза барои медалҳои тилло миёни ду дастаи пешсаф – “Хуҷанд” ва “Истиқлол” – дар бозиҳои боқимондаи давраи сеюми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон торафт шиддат мегирад. Дар даври ҳаждаҳум "Истиқлол" 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо «Хуҷанд» рӯбарӯ мешавад.

Барои медалҳои биринҷӣ чор даста – “Кӯктош”, “Регар-ТадАЗ”, ССКА “Помир” ва “Хатлон” – мубориза мебаранд. Бошгоҳи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”, ки нисбат ба рақибонаш имтиёзҳои бештар гирифтааст, барои дарёфти мақоми сеюм шонси хубтар дорад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Даври 17-ум

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 2:3

Голҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 15 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 45 (1:1). Идан Окран, 58 – аз пеналтӣ (2:1). Амирбек Ҷӯрабоев, 60 (2:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 81 – аз пеналтӣ (2:3).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Аҳтам Назаров («Истиқлол»), 4 – дарвозабон баргардонд.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиқов (Ишмаэл Колотей, 68), Асилҷон Мансуров (Сироҷиддин Гулмуродов, 67), Принс Артур, Аҳтам Холбоев, Фахриддин Сафарзода, Шоҳназар Назаров, Одил Бобоназаров, Идан Окран, Абдурасул Раҳмонов (Азизбек Султонов, 72), Нодирбек Иброҳимов, Меҳроҷиддин Музаффаров.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Шаҳром Сулаймонов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 17), Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Абдулмуъминов, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 57), Шериддин Бобоев.

Огоҳонида шуданд: Нодирбек Иброҳимов, Аҳтам Холбоев, Меҳроҷиддин Музаффаров, Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»), 88 – барои таҳқири сардовар.

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

18 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 5000 тамошогар.

19 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Панҷшер» – «Хатлон»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

20 сентябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Барқчӣ» – ССКА «Помир»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

13

3

1

31-15

42

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

12

3

1

36-14

39

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

17

7

3

7

24-26

24

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

5

4

7

21-22

19

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

4

7

5

19-26

19

6

«Хатлон» (Бохтар)

16

5

3

8

17-20

18

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

16

2

6

8

12-22

12

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

16

2

1

13

10-25

7

Голзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG