Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То соли 2025 беш аз 50 дар сади корҳоро роботҳо иҷро мекунанд


Анҷумаи Иқтисоди Ҷаҳон (АИҶ) дар як пажуҳиши нав гуфтааст, ки 52 дар сади корҳои феълиро то соли 2025 мошинҳо ё роботҳо иҷро хоҳанд кард. Феълан ин рақам ба 29 дар сад мерасад ва то 7 соли дигар ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Анҷуман дар бахши "Дурнамои кор-2018" гуфтааст, ки роботҳо ҷойи одамонро дар вазифаҳое чун ҳисобдорӣ, мудирияти муштариҳо, саноат, почта, муншигӣ ва ғайра иваз мекунанд.

АИҶ ҳамзамон мегӯяд, шуғлҳое мисли фурӯшандагӣ, бозорёбӣ, хадамоти муштариҳо, ҳамроҳ бо тиҷорати электроникӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бояд тавоноиҳояшонро сайқал диҳанд.

Анҷуман ба ҳукуматҳо тавсия медиҳад, барои коргароне, ки дар ростои таҳдиди ин "таъғироти чашмгир" қарор мегиранд, шабакаҳои амниятии гузариш ба сифати нав ва кори навро омода кунад.

XS
SM
MD
LG