Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"НАТО метавонад алайҳи Русия аз банди 5-умро истифода кунад"


Йенс Столтенберги - Дабири кулли НАТО
Йенс Столтенберги - Дабири кулли НАТО

Дар посух ба ҳамлаҳои киберии Русия НАТО метавонад аз банди 5-уми оинномаи эътилоф дар бораи чораҳои дастаҷамъонаи дифоӣ истифода кунад. Ин нуктаро дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи гузашта дар суҳбат бо Axios баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, банд худ ба худ ба иҷро намедарояд ва он аз хусусиятҳои ҳамлаҳои ҳакерӣ вобаста аст. Дабири кулли НАТО дақиқ нагуфт, ки банди мазкур дар кадом шароит истифода хоҳад шуд.

Столтенберг ҳамчунин назари худро дар бораи ҳимоя аз Черногория -- ҷавонтарин узви НАТО баён дошт ва гуфт, "ИМА ба банди 5-уми оинномаи НАТО дар робита ба Подгоритса "пурра пойбанд" хоҳад монд. Ба гуфтаи ӯ, амалҳои воқеии Вашингтон далели ин гуфтаҳост".

Бар пояи банди 5-уми оинномаи НАТО, ҳамлаи мусаллаҳона ба як ё чанд кишвари узв ҳамчун ҳамла ба тамоми аъзои паймон дониста хоҳад шуд. Ин банд танҳо як дафъа, баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 истифода шудааст.

Аъзои НАТО моҳи декабри соли 2015 дар робита ба эҳтимоли истифодаи банди панҷум дар посух ба ҳамлаҳои киберӣ ба созиш расиданд, ки кишварҳои Ғарб пештар дар онҳо Русияро айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG