Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон дар даври 16-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси дуҳафтаина рӯзи 13-уми сентябр бо ду бозии даври шонздаҳум идома ёфт.

Ҳар як бозии минбаъдаи ин давра барои мо душвор мешавад. Мо барои медалҳои тилло мубориза мебарем.

Пешсафони ҷадвали мусобиқа - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол» -и Душанбе дар майдони худ пирӯзӣ ба даст оварданд. Хуҷандиҳо бар тими «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Голҳоро Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев ва Дилшодҷон Каримов ба ҳадаф расонданд.

«Истиқлол» бошад, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ду голи Шериддин Бобоев ба душанбегиҳо пирӯзӣ овард.

Ду бозии дигари даври шонздаҳум имрӯз, 14-уми сентябр, доир мегардад. ССКА «Помир»-и Душанбе бозии хонагиашро дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ муқобили «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ анҷом медиҳад. «Хатлон» дар майдони худ - варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар - бо «Кӯктош»-и Рӯдакӣ рақобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бо 39-имтиёзӣ пешсафанд. «Кӯктош» бо 24 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Нуъмонҷон Юсуфов
Нуъмонҷон Юсуфов

Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи «Хуҷанд», рӯзи 14-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқаи имсола хеле шавқангезу пуршиддат ҷараён дорад. Ӯ афзуд, «давраи сеюми мусобиқа давраи ҳалкунанда аст. Бинобар ин, ҳар як бозии минбаъдаи ин давра барои мо душвор мешавад. Мо барои медалҳои тилло мубориза мебарем. Рақиби аслиамон - «Истиқлол» - низ мекӯшад, ки аз имтиёзҳо бенасиб намонад. Аз ин рӯ, мубориза барои унвони қаҳрамонӣ хеле тезу тунд мегардад. Барои медалҳои биринҷӣ низ мубориза байни дастаҳои «Кӯктош», Регар-ТадАЗ», ССКА «Помир» шиддат мегирад.»

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 3:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 6 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 45+1 (2:0). Дилшодҷон Каримов, 86 (3:0).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров, Вусал Магеррамов, Дмитрий Бондар (Ҳасан Рустамов, 88), Бахтиёр Чориев, Обидҷон Ҳакимов (Дмитрий Горбушин, 83), Меҳроҷ Шарифзода, Дилшодҷон Каримов, Дилшод Бозоров (Фарҳод Тоҳиров, 72), Ҷаҳонгир Эргашев.

«Барқчӣ» (Ҳисор): Шоҳрух Қирғизбоев, Зиёвуддин Фузайлов, Оятулло Сафаров, Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Саидмухтор Азимов (Шервонӣ Мабатшоев, 35), Манучеҳр Сафаров (Ҳувайдои Гулмурод, 76), Абдулмуъмин Забиров, Шарафҷон Солеҳов, Нуриддин Ҳамроқулов (Тоҳир Малодӯстов, 71), Далер Ёдгоров.

Огоҳонида шуданд: Обидҷон Ҳакимов, Дмитрий Бондар, Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров, Оятулло Сафаров («Барқчӣ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4000 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Шериддин Бобоев, 42 (1:0). Шериддин Бобоев, 49 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Табрези Давлатмир, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Сулаймонов, Аҳтам Назаров (Нозим Бобоҷонов, 77), Эҳсони Панҷшанбе, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Абдулмуъминов (Артём Барановский, 54), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 70).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Рустам Ризоев, Ойбек Абдуғаффоров, Саидамири Саидаҳмад, Акбар Бобомуродов, Сафаралӣ Каримов, Хайрулло Азизов (Рамазон Ҳабибуллоев, 73), Шерзод Маҳамадиев (Фарҳод Холбеков, 82), Ҳикматулло Расулов, Вайсиддин Сафаров, Амирҷон Сафаров (Фирӯз Раҳматов, 46), Наврӯз Рустамов.

Огоҳонида шуданд: Эҳсони Панҷшанбе, Аҳтам Назаров, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Сафаралӣ Каримов, Саидамири Саидаҳмад, Шерзод Маҳамадиев, Рамазон Ҳабибуллоев, Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуд: Саидамири Саидаҳмад («Регар-ТадАЗ»), 89 – барои бо пой задани ҳарифаш.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

13 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2000 тамошобин.

14 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:30

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

«Хатлон» – «Кӯктош»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

12

3

1

36-14

39

2

«Истиқлол» (Душанбе)

16

12

3

1

28-13

39

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

15

7

3

5

22-22

24

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

5

4

7

21-22

19

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

15

4

6

5

18-25

18

6

«Хатлон» (Бохтар)

15

4

3

8

16-20

15

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

15

2

5

8

11-21

11

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

16

2

1

13

10-25

7

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG