Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватикан ба таҳқиқи дастдарозии ҷинсӣ дар ИМА иқдом кард


Попи Рум Франсиск
Попи Рум Франсиск

Попи Рум Франсиск ба таҳқиқи парвандаи усқуфи Амрико, ки ба дастдарозии ҷинсӣ гумонбар мешавад, дастур дод. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 13-уми сентябр бо такя ба мақомҳои расмии Ватикан ва калисои католикии Амрико гузориш дод.

Сухан дар бораи Майкл Брансфилди 75-сола аз усқуфи аъзами Уилинг-Чарлстон меравад, ки ахиран истеъфо дод. Брансфилдро дар ин мақом муваққатан усқуфи аъзами амрикоӣ Вилям Лори иваз мекунад. Ӯ муаззаф шудааст, ки парвандаи Брансфилдро таҳқиқ кунад. Гумон меравад, ки қурбониҳои бадахлоқии усқуфи пешин шахсони болиғ буданд.

Рӯзи 13-уми сентябр попи Рум бо ҳадафи баҳси марбут ба дастдарозии ҷинсии баъзе рӯҳониёни католик ба кӯдакон дар саросари ҷаҳон, бо раҳбарони калисоҳои католикии ИМА мулоқот мекунад.

Попи Рум дар ҳоле ба баррасии ин қазияҳо иқдом кардааст, ки ҳафтаи гузашта усқуфи Италия Карло Мария Вигано попро ба ин айбдор кард, ки аз қазияҳо бохабар буд, вале онҳоро ҷиддӣ нагирифт.

Рӯзи гузашта Франсиск аз мақомҳои баландпояи усқуфҳои католик дар саросари ҷаҳон даъват кард, ки барои баррасии ҳимояи кӯдакон аз озори ҷинсӣ аз тарафи ходимони калисоҳо, дар Ватикан ҷамъ шаванд. Мулоқот моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG