Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик ба Малайзия расиданд


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки барои ширкат дар марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё рӯзи 12-уми сентябр ба Малайзия расид, ба давраи охирини омодагӣ ба ин мусобиқаи қитъавӣ шуруъ кард. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур - баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Малайзия (20-уми сентябр), Ҷопон (23-юми сентябр) ва Тайланд (26-уми сентябр) рақобат менамояд.

Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» (Кореяи Шимолӣ, Умон, Яман ва Урдун) бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки чор дастаи беҳтарини қаҳрамонии наврасони Осиё-2018 соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) мешавад, ки дар Перу барпо мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар қаҳрамонии Осиё-2018:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»), Фирӯз Назаров (Академияи футболи ФФТ «Орзу-2026»);

Ҳимоятгарон: Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Меҳробҷон Азимов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Ҳамзаҷон Аҳтамов, Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Умедҷон Холиқов, Парвиз Ҳоҷиев, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳама – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

XS
SM
MD
LG