Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Душанбе мегузарад


Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо аз 2-юм то 5-уми октябри имсол дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа, ки барои бори шашум барпо мегардад, ба ҷуз паҳлавонони тоҷик ширкати гуштигирон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар назар аст.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, мусобиқаи имсола
аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо миёни мардон (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) доир мегардад. Мусобиқаи солҳои гузашта барои Ҷоми президенти Тоҷикистон танҳо дар вазни мутлақ баргузор мешуд.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз медалу ифтихорномаҳо, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ҳар як вазн ба ғолибон 10000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 3000 сомонӣ муқаррар кардааст.

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни зери 81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ бошад, дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардидааст. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯзӣ ба даст овард. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Чорумин давраи Ҷоми президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат бо ширкати 45 гуштигир аз 15 кишвар баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дувум медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Узбакистон), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми президенти Тоҷикистон мизбонон барои аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо, ки 5-уми октябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов ба поён расид.

Дар ин мусобиқа ба ҷуз гуштигирони тоҷик, варзишгарон аз кишварҳои дигар низ ширкат доштанд. Мусобиқа дар вазни 90 килограмм миёни варзишгарони синашон аз 18-сола боло сурат гирифт.

Паҳлавонони тоҷик Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён ба финал роҳ ёфтанд. Саидов, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ пирӯз шуд, бо Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Устопириён барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Гуштигирон Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) ва Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон), ки ҷойҳои севумро азони худ карданд, ҳар кадом бо медалҳои биринҷӣ ва 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG