Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 10 варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 20-ум то 27-уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку – баргузор хоҳад шуд, ширкат меварзанд. Вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) иттилоъ додааст, ки дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ иштироки 810 варзишгар (497 мард ва 313 зан) аз 131 кишвари 5 қора дар назар аст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 варзишгар шомил аст, ки дар рақобатҳо миёни мардон (9 нафар) ва миёни занон (1 нафар) иштирок мекунанд:

МАРДОН

- 60 кг – Сӯҳроб БОҚИЕВ;

- 66 кг – Ёқубҷон БОҚИЕВ;

- 73 кг – Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА;

- 73 кг – Сомон МАҲМАДБЕКОВ;

- 81 кг – Акмал МУРОДОВ;

- 90 кг – Комроншоҳи УСТОПИРИЁН;

- 100 кг – Саидҷалол САИДОВ;

+ 100 кг – Шакармамад МИРМАМАДОВ;

+ 100 кг – Темур РАҲИМОВ.

ЗАНОН

- 57 кг – Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА.

Сӯҳроб Боқиев
Сӯҳроб Боқиев

Мусобиқа ҳашт рӯз идома хоҳад кард. Гуштигирон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин, барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд. Ҳаррӯз ғолибон аз рӯи як дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва як дараҷаи вазнҳо миёни занон маълум мешаванд.

Рӯзи панҷшанбеи 20-уми сентябр гуштигирони вазни сабуктарин – 48 кило миёни занон ва 60 кило байни мардон – қувваозмоӣ мекунанд. 21-уми сентябр занон дар вазни 52 кило ва мардон дар вазни 66 кило, 22-юми сентябр занон дар вазни 57 кило ва мардон дар вазни 73 кило, 23-юми сентябр занон дар вазни 63 кило ва мардон дар вазни 81 кило, 24-уми сентябр занон дар вазни 70 кило ва мардон дар вазни 90 кило, 25-уми сентябр занон дар вазни зери 78 кило ва мардон дар вазни зери 100 кило, 26-уми сентябр мардон дар вазни беш аз 100 кило ва занон дар вазни беш аз 78 кило вориди рақобатҳо мешаванд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 27-уми сентябр – рақобатҳои дастаӣ барпо мегардад.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро, барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро муқаррар шудааст.

Сомон Маҳмадбеков
Сомон Маҳмадбеков

Ёдовар мешавем, соли гузашта варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд. Тоҷикистонро шаш нафар дар сабқати мардон намояндагӣ карданд.

Саидмухтор Расулов ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило рақобат карданд. Расулов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Ҷакуб Ҷесминек (Ҷумҳурии Чех) мағлуб гашт. Хоҷазода, ки дар даври аввал рақиб надошт, дар даври дувум Лукас Рейтери австриягиро шикаст дод. Баъдан ӯ бар паҳлавони Узбекистон Ғиёсҷон Бобоев дастболо шуд. Вале Беҳрӯз дар даври баъдӣ қувваозмоиро ба гуштигири озарбойҷонӣ Рустам Оруҷов бохт.

Садр Боев дар вазни зери 81 кило рақобат кард. Вай, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Никон Забороскиус (Молдова) мағлуб гашт.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз гуштигири Маҷористон Кристиан Тот шикаст хӯрд.

Беҳрӯз Хоҷазода
Беҳрӯз Хоҷазода

Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни зери 100 кило рақобат карданд. Саидов дар даври аввал қувваозмоиро ба гуштигири муғул Отгонбаатар Лхагвасурен бохт. Мирмамадов бошад, дар даври аввал бар Армандо Пинеда аз Гватемала пирӯзӣ ба даст овард, вале дар даври дувум аз Залан Оҳат (Маҷористон) мағлуб гашт.

Ҳамин тариқ, ҳамаи шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт ноком шуда, бе медал монданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG