Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён шуд


Шаббос Неъматуллоев
Шаббос Неъматуллоев

Шаббос Неъматуллоев, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи VIII қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён, ки аз 1-ум то 6-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Ойрат-Арена»-и шаҳри Элиста (Ҷумҳурии Қалмиқистон, Федератсияи Русия) баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён доир гардид, беш аз 100 варзишгар аз 21 кишвар - Арманистон, Афғонистон, Беларус, Ирландия, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Литва, Маҷористон, Молдова, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Словения, Тайбэйи Чин, Тоҷикистон, Фаронса, Ҷопон ва Эстония - барои 13 маҷмуи медалҳо аз рӯи даҳ дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва се дараҷаи вазнҳо миёни занон, инчунин барои 3 ҷоми дастаӣ мубориза бурданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо як варзишгар - Шаббос Неъматуллоев – донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ намояндагӣ кард. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило баъди ду пирӯзӣ бар муштзанҳо аз Литва ва Тайбейи Чин ба нимфинал баромад. Дар даври ниманиҳоӣ намояндаи Беларусро шикаст дод ва ба финал роҳ ёфт. Шаббос дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Магомедрасул Сулаймонови русиягӣ дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни донишҷӯён мушарраф шуд.

Шаббос Неъматуллоев қаҳрамони Осиё миёни донишҷӯён дар соли 2016 мебошад. Ӯ ба ғайр аз ин, дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ дар Қазоқистон дар тӯли солҳои 2013-2018 ғолиб омадааст. Инчунин ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Бангкоки Тайланд (соли 2014), барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Киеви Украина (соли 2013) ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Шимкенти Қазоқистон (соли 2013) аст.

Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс Шаббос Неъматуллоев таҳти раҳбарии падараш Аббос Неъматуллоев, инчунин Хуршед Ҷӯраев тамрин мекунад

XS
SM
MD
LG