Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо Мянмар бидуни гол хотима ёфт


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бозии севумашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин бо тими ҷавонони Мянмар (U-21) бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Ин бозӣ имрӯз, 8-уми сентябр, дар шаҳри Сюйтзини Чин баргузор шуд. Ҳарчанд бозӣ бо бартарии футболбозони ҷавони тоҷик сурат гирифт, вале бидуни гол хотима ёфт. Эҳсони Панҷшанбе, нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, шонси садфоизаи голзаниро аз даст дод. Тӯби дар дақиқаи 42-юм аз ҷаримаи 11-метрӣ задаи ӯро дарвозабони дастаи Мянмар баргардонд.

Бозии дигари даври севуми мусобиқаи байналмилалӣ имрӯз миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-21) ва Чин (U-21) бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, футболбозони ҷавони тоҷик дар аввалин бозиашон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин аз тими ҷавонони Узбекистон (U-21) бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашта буданд. Голро Ҳусниддин Ғафуров дар дақиқаи 75-ум ба самар расонд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бозии дувумашро дар мусобиқаи байналмилалӣ бо тими мизбон - Чин (U-21) - бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Дар ин бозӣ ҳисобро дар дақиқаи 42-юм нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов боз кард. Дар дақиқаи 69-ум мизбонон ҳисобро баробар намуданд.

Бозӣ зери борон сурат гирифт. Дар нимаи дувуми дидор ба иллати борони сахт бозӣ дар дақиқаи 77-ум қатъ гардид. Дар майдони пуроб бозӣ кардан имконнопазиир шуд. Бинобар ин сардовари бозӣ Хуанг Ечжун аз Чин тасмим гирифт, ки бозӣ идома дода нашавад. Бо қарори ташкилкунандагони мусобиқа натиҷаи бозӣ мусовӣ - 1:1 эълон шуд.

Ба ин тартиб, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо 7 имтиёз (4-1) ғолиб шуд. Дастаи Чин бо 5 имтиёз (3-2) ҷойи дувумро гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 имтиёз (1-2) севум шуд. Тими Мянмар бо як имтиёз (0-3) дар зинаи чорум қарор гирифт.

Ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) як давраи омодагии даста ба марҳалаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 18-ум то 26-уми марти соли оянда доир мегардад, маҳсуб мешуд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин

Даври 1-ум

4 сентябр (сешанбе)

Узбекистон (U-21) – Тоҷикистон (U-21) 1:0

Гол: Ҳусниддин Ғафуров, 75.

Аз майдон хориҷ шуд: Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Тоҷикистон), 87.

Чин (U-21) – Мянмар (U-21) – 1:0

Даври 2-юм

6 сентябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон (U-21) Чин (U-21) 1:1. Бозӣ дар дақиқаи 77-ум қатъ шуд.

Голи Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Раҳимов, 42.

Мянмар (U-21) – Узбекистон (U-21) – 0:2

Даври 3-юм

8 сентябр (шанбе)

Тоҷикистон (U-21) Мянмар (U-21) – 0:0

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), 42 – дарвозабон баргардонд.

Чин (U-21) – Узбекистон (U-21) 1:1

XS
SM
MD
LG