Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо ҷойи 13-умро гирифт


Севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 2-юми сентябр дар аспрез ё ипподроми деҳаи Бактуу-Долонтуи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз шуда буд, имрӯз, 8-уми сентябр, ба анҷом расид.

Чунонки вебсайти Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиҳо хабар додааст, баъди ҷамъбасти мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қирғизистон бо касби 103 медал - 40 тилло, 32 нуқра ва 31 биринҷӣ - ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Қазоқистон бо касби 72 медал (18-24-30) дар ҷойи дувум ва Русия бо касби 56 медал (17-12-27) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Туркманистон бо касби 27 медал (10-5-12), Узбекистон бо касби 33 медал (7-8-18), Маҷористон бо касби 12 медал (4-4-4), Эрон бо касби 12 медал (4-3-5), Украина бо касби 9 медал (3-3-3), Муғулистон бо касби 17 медал (2-4-11) ва Туркия бо касби 6 медал (2-1-3) дохил шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо панҷ медал – як тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ – ба даст оварданд. Фарҳод Анақулов, ки дар гуштии гюлеши озарӣ медали тилло ба даст овард, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 70000 соми қирғизӣ (1000 доллари ИМА) мукофотонида шуд. Ӯ, инчунин дар гуштии куреши қирғизӣ барои ҷойи дуюм дар вазни мутлақ медали нуқра ва 35000 сом (500 доллари ИМА) ҷоизапулӣ гирифт.

Медали дувуми нуқраро дастаи Тоҷикистон дар намуди ордо ё буҷулбозӣ ба даст овард. Ба аъзои даста барои ҷойи дувум 300000 сом (4300 доллари ИМА) тақдим карда шуд.

Медалҳои биринҷиро Сорбон Абдулҳаев дар гуштии гюлеши озарӣ дар вазни зери 80 кило ва Айвар Ҳасанов дар гуштии паҳлавонӣ дар вазни зери 80 кило ба даст оварданд. Ба ҳарду варзишгари тоҷик дар ҳаҷми 17500-сомӣ ҷоизапулӣ супурда шуд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо касби 5 медал (як тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ дар зинаи 13-ум ҷойгир шуд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин Озарбойҷон 14 медал (як тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ, ҷойи 12-ум), Латвия ва Литва яктоӣ медали тилло (ҷойи 19-ум), Гурҷистон 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ, ҷойи 21-ум), Эстония 2 медал (як нуқра ва як биринҷӣ, ҷойи 24-ум), Молдова 2 медали биринҷӣ (ҷойи 27-ум) ва Арманистон як медали биринҷӣ (ҷойи 28-ум) гирифтанд.

Ба ин тартиб, баъди ҷамъбасти рақобатҳо варзишгарони 32 кишвар соҳибони медалҳои Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиҳо гардида, намояндагони 20 кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд.

Дар қувваозмоиҳо ҳудуди 2 ҳазор варзишгар аз 74 кишвар ширкат доштанд. Варзишгарон барои 594 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд. Ҷавоизи умумии бунёди Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиҳо 28 млн сомро ташкил медод.

Қирғизистон дар ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳоро мизбонӣ мекунад. Чаҳор сол пеш нахустин бозиҳои кӯчиҳо баргузор шуда буд. Он замон дар бозиҳо намояндагони 19 кишвар ширкат доштанд. Дар дувумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон доир шуд, намояндагони 52 кишвар иштирок карданд.

Барномаи севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо куллан шомили 37 риштаи мусобиқоти варзишӣ буд. Аз ҷумла асптозӣ, мусобиқоти асп, варзишҳои размӣ, бозиҳои суннатии миллӣ, мусобиқоти тирандозии камонварон, рақобатҳои гунаҳои суннатии шикор, бозиҳои суннатии зеҳнӣ шомили ин барнома аст. Гуштии миллии тоҷикон – гуштии камарбандӣ - низ ба барномаи ин бозиҳо дохил шудааст.


XS
SM
MD
LG