Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон шаш узви гуруҳи ҳаёти озоди Курдистонро куштааст


Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, ки шаш узви як гуруҳи ҷангҷӯи курдро куштааст. Ин афрод дар ҳамлаи моҳи июл ба яке аз нуқтаҳои марзии Эрон дар наздикии Ироқ муттаҳам буданд.

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ин шаш тан мутааллиқ ба гуруҳи ҳизби ҳаёти озоди Курдистон буданд.

Ба гуфтаи Эрон, дар ҳамлаи рӯзи 20-уми июл, ин гуруҳи мухолифи сиёсии курд даҳ узви сипоҳи посдорони инқилобро куштаанд.

Ҳизби ҳаёти озоди Курдистон, ки фаъолияташ мамнуъ аст, бо ҳизби коргарони Курдистон робита дорад.

XS
SM
MD
LG