Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Путин ва Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар як нома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 27-умин солгарди истиқлоли кишварро табрик гуфтааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин нома рӯзи 7-уми сентябр дастрас шуд.

Путин дар номаи худ аз муносибатҳои Русияву Тоҷикистон тавсиф карда ва гуфтааст, “ин равобит ба анъанаҳои неки дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд”.

“Миёни кишварҳои мо муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ, ҳамкории самарбахш дар бахшҳои тиҷоративу иқтисод, энергетика, илму техника, фарҳанг ва дигар соҳаҳо, инчунин ҳамгироии созанда дар ҳалли мушкили мубрами минтақавӣ ба роҳ монда шудааст”, - афзудааст ӯ.

Раиси ҷумҳури Русия изҳори бовар кардааст, ки дар оянда низ муттаҳидӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия идома хоҳад ёфт ва ду тараф онро “ба манфиати халқҳо ва ба хотири суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшанд”.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми сентябр аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ номаи табрикӣ дарёфт кард. Трамп дар номаи худ аз ҳамлаи рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара ёдоварӣ кардааст, ки дар натиҷаи он ду сайёҳӣ амрикоӣ низ кушта шуданд.

Ӯ гуфтааст, Амрико ҳамчун шарик баҳри шукуфоӣ ва амният ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон буд. “Махсусан дар робита ба ҳамлаи террористӣ, ки тобистони соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, Иёлоти Муттаҳида ба Шумо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм изҳори сипос менамояд. Мо минбаъд низ ҷиҳати тақвияти раванди мубодилаи иттилооти зарурӣ ӯҳдадориҳоямонро идома хоҳем дод, то ки чунин ҳодисаи нохуш ҳаргиз такрор наёбад”, - гуфтааст Доналд Трамп.

Сӣ Ҷинпин – раҳбари Чин, Шавкат Мирзиёев – раиси ҷумҳури Узбекистон ва Салмон ибни Абдулазиз – подшоҳи Арабистони Саудӣ низ дар номаҳои ҷудогона раиси ҷумҳур ва мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни истиқлол табрик гуфтаанд.

Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991, пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, истиқлоли худро эълон кард.

XS
SM
MD
LG