Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп китоби Вудвордро "бефоидаву зишт" унвон кард


Генерал Мэттис яке аз қаҳрамонҳои китоби Вудвор д
Генерал Мэттис яке аз қаҳрамонҳои китоби Вудвор д

Президенти ИМА Доналд Трамп китоби рӯзноманигори машҳури Вашингтон Боб Вудвордро, ки бенизомӣ ва ҷанҷолҳои дохилии ба гуфтаи журналист мавҷуд дар маъмурияти Кохи сефедро тасвир кардааст, "бефоидаву зишт" унвон кард.

Вудворд мегӯяд, ки асари ӯ бар поияи сӯҳбат бо намояндагони маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп ва афроди дигари наздик ба президент навишта шудааст.

Ин китоб - "Трамп - ҳарос дар Кохи сафед" дорад. Манбаҳое, ки Вудворд бо онҳо сӯҳбат кардааст, гуфтанд, ки Трамп бо рафтори ғайри қобили пушгӯӣ ва бехабарии комил, кормандони Кохи сафедро бисёр асабонӣ мекунад. Ёварони Трамп гӯё коғазҳоро аз дафтари ӯ берун мебароранд то фармонҳои нораворо имзо накунад.

Яке аз мавридҳои ин китоб, ки ҳоло дар матбуоти Амрико ба таври густарда баҳс мешавад, достонест, ки чигуна Трамп моҳи апрели соли гузашта, баъда ҳамлаи кимёвии президент Асад дар Идлиби Сурия, ба вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис пешниҳод кард, ки Асадро бикушад.

Ба гуфтаи Вудворд, вазир ваъда додааст, ки тарҳи амалиёти аз байн бурдани Асадро мекашад, аммо дар асл як тарҳи муътадилро пешниҳод кард. Дар натиҷа, Трамп аз ҳамлаи ҳавоӣ болои фурӯдгоҳи низомии Сурия пушибонӣ намуд.

Вудворд менависад, ки Мэттис ва раҳбари дастгоҳи президент Ҷон Келли гӯӣ президентро барои лаҳни ҷангҷӯёнааш дар робита ба Сурия ва Кореяи Шимолӣ "аблаҳ" номиданд.

Худи Мэттис ин қиссаро тахайюли бойи рӯзноманигор унвон кард. "Ман ба сурати умум адабиёти бадеиро дӯст медорам, аммо на ин жанри вашингтониро, ки бар поияи сӯҳбат бо манбаҳои беном навишта шудааст"- гуфтааст Мэттис.

Сухангӯи Кохи сафед сара Сандерс китоби Вудвордро "достони комилан бофта" номид, ки ба гуфтаи ӯ аз тарафи кормандони собиқи маъмурияти президент ба хотири қасос гирифтан аз Трамп сохта шудаанд.

Боб Вудворд дар ҳоле машҳур шуд, ки силсилаи маводи таҳқиқотии ӯ ҳамроҳ бо ҳамкораш аз нашрияи The Washington Post Карл Бернстайн, ҷузъиёти ҷанҷоли Уотергейтро боз ва ба истеъфои президент Ричард Никсон мусоидат кард.

XS
SM
MD
LG