Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон афзоиши таваррумро паёмади таҳримҳои зидди Русия номид


Ду соли оянда дар натиҷаи таъсири таҳримҳои зидди Русия сатҳи таваррум дар Қазоқистон боло хоҳад рафт. Ин нуктаро раиси Бонки марказии Қазоқистон Даниёр Акишев рӯзи 4 сентябр дар ҷаласаи ҳукуматӣ баён дошт.

"Дар солҳои 2019-2020 эҳтимоли афзоиши таваррум вуҷуд дорад. Ин ба низоми таҳримҳои зидди Русия, беқурбшавии пули миллӣ ва коҳиши арзиши нафт рабт дорад. Ҳамчунин ба афзоиши харҷҳои иҷтимоӣ ва қарзҳо низ марбут хоҳад буд", - изҳор дошт Акишев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ва мақомоти маҳалҳои Қазоқистон бояд бозорҳоеро муайян кунанд, ки ба таҳримҳои зидди Русия рабт доранд. Акишев гуфт, сатҳи таваррум дар моҳи августи соли равон 0,2 дарсадро ташкил дод, ки назар ба моҳи августи соли гузашта нишондоди баланд аст.

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Тимур Сулаймонов низ гуфт, беқурбшавии танга ба нархҳо ва тарофаҳо таъсир хоҳад расонд.

Қурби танга - пули миллии Қазоқистон тайи ду моҳи ахир дар баробари доллар 7,8% поин рафт.

XS
SM
MD
LG