Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои Русия Идлибро бомбаборон карданд


Ҳамлаи ҳавоии Русия болои Идлиб. 4 сентябр, 2018
Ҳамлаи ҳавоии Русия болои Идлиб. 4 сентябр, 2018

Ҳавопаймоҳои Русия ва ҳукумати Сурия рӯзи сешанбе вилояти Идлиб, атрофи он ва ноҳияҳои шимолии вилояти Ҳаморо бомбаборон карданд. Ба иттилои мухолифони мусаллаҳи Сурия, се ҳавопаймои Русия даҳҳо бор зарба заданд.

Хабари бомбаборон чанд соат баъд аз он нашр шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп Теҳрону Димишқ ва Москваро аз "иштибоҳи ҷиддии башарӣ" дар натиҷаи ҳамлаи нирӯҳои президенти Сурия Башор Асад ба Идлиб ҳушдор дод.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ин ҳушдорро рад карда, гуфт, Трамп ба вазъи мавҷуда бархурди "нокомил" ва "маҳдуд" нишон медиҳад. Песков афзуд, ки Идлиб "лонаи террористон" аст ва артиши Сурия бояд ин мушкилро ҳал кунад.

Тайи як ҳафтаи ахир чандин мансабдори амрикоӣ ва аврупоӣ аз омодагии нерӯҳои Сурия барои ҳамла ба Идлиб изҳори нигаронӣ карданд. Вазорати дифои ИМА ба ҳукумати Сурия таҳдид кард, ки агар дар Идлиб силоҳи кимиёӣ истифода шавад, бепосух нахоҳад монд. Пентагон аллакай рӯйхати ҳадафҳои худро дар Сурия тартиб додааст.

Вазорати дифои Русия тайи як моҳи ахир борҳо гуфт, мухолифони мусаллаҳи Сурия мехоҳанд, "иғво"-и силоҳи кимиёиро ба роҳ монанд, то ИМА ва ҳампаймононаш ба нирӯҳои Асад ҳамла кунанд. Намояндагони Димишқ ваъда доданд, ки ҳатто дар сурати ҳамлаи кишварҳои ғарбӣ низ, Идлибро зери назорати худ қарор хоҳанд дод.

Ба иттилои хабаргузории олмонии DPA, зарбаҳои ҳавоии ахир роҳро барои ҳамлаи заминии артиши Сурия ба Идлиб - охирин мавзеи мухолифони мусаллаҳи Сурия ҳамвор мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир, дар он то се миллион одам, аз ҷумла ҳудуди як миллион кӯдак зиндагӣ доранд.

XS
SM
MD
LG