Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинобар "ташаннуҷ" бизнеси Русия омодааст аз саҳмияҳояш даст кашад


Бинобар бекифоятӣ ва хатар, 84 дар сади раҳбарони ширкатҳои Русия омодаанд аз саҳмияҳои худ даст кашанд. Чунин аст хулосаи таҳқиқоти ширкати мушовира ва аудити Ernst&Young, ки рӯзи 3-юми сентябр нашр шуд.

Таҳқиқоти "Барометри эътимоди ширкатҳо" моҳи марти соли 2018 анҷом шуд. Дар он 2 ҳазор мудирони кулл аз 43 кишвари дунё, бо шумули 60 раҳбари ширкатҳои Русия, аз соҳаи нафту газ, фулузот, саноати маъдан ва дигар бахшҳо иштирок карданд.

Бино ба назарпурсии Ernst&Young 51 дар сади онҳо сабаби омодагӣ барои даст кашидан аз саҳмияҳоро "хатари қатъ шудани фаъолият" унвон карданд. Аммо аксари онҳо "ташаннуҷи геополитикӣ"-ро аз таҳдидҳои аслии рушди бизнес гуфтанд.

XS
SM
MD
LG