Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Узбекистон


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Кунмини Чин, ки 4-уми сентябр баргузор шуд, аз тими ҷавонони Узбекистон (U-21) бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бозии дувумашонро 6-уми сентябр бо мунтахаби Чин ва бозии севумашонро 8-уми сентябр бо мунтахаби Мянмар анҷом медиҳанд.

Ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) як давраи омодагии даста ба марҳалаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 18-ум то 26-уми марти соли оянда доир мегардад, маҳсуб мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) 22 бозигар аз шаш бошгоҳи лигаи олӣ дохил шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21):

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Алишер Баротов («Хатлон»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ҳусейн Нурматов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду – «Истиқлол»), Мунир Давлатбеков, Сорбон Авғонов (ҳарду – «Панҷшер»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев, Абдулмуъмин Забиров (ҳама – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»);

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Ҳамроқулов («Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Ҳайати дастаи мунтахаби Узбекистон (U-21) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин чунин аст:


1. Илҳомҷон Алиҷонов
2. Абдулло Абдуллоев
3. Ҳусниддин Алиқулов
4. Умедҷон Эргашев
5. Ҳусниддин Ғафуров
6. Санҷар Қодирқулов
7. Абубакр Муйдинов
8. Суҳроб Нуриллоев
9. Ойбек Рустамов
10. Расул Юлдошев
11. Нурилло Тухтасинов
12. Умедҷон Ҳамроев
13. Ислом Рашидхонов
14. Фаррух Икромов
15. Аброрбек Исмоилов
16. Шерзод Насруллоев
17. Ҷаҳонгирбек Абдусаломов
18. Худоёрхон Саъдуллоев
19. Шоҳрух Маҳмудҳоҷиев
20. Авазбек Улмасалиев

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин

Даври 1-ум

4 сентябр (сешанбе)

Узбекистон (U-21) – Тоҷикистон (U-21) – 1:0

16:35 – Чин (U-21) – Мянмар (U-21)

Даври 2-юм

6 сентябр (панҷшанбе)

13:00 – Мянмар (U-21) – Узбекистон (U-21)

16:35 – Тоҷикистон (U-21) – Чин (U-21)

Даври 3-юм

8 сентябр (шанбе)

12:00 – Тоҷикистон (U-21) – Мянмар (U-21)

15:35 – Чин (U-21) – Узбекистон (U-21)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG