Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон имрӯз, 1-уми сентябр, барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 4-ум то 8-уми сентябр дар шаҳри Кунмини Чин баргузор мешавад, сафар кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ҷавони тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ҳамсолонашон аз Узбекистон (4-уми сентябр), Чин (6-уми сентябр) ва Мянмар (8-уми сентябр) рақобат мекунанд.
Ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) як давраи омодагии даста ба марҳалаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 18-ум то 26-уми марти соли оянда доир мегардад, маҳсуб мешавад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) 22 бозигар аз шаш бошгоҳи лигаи олӣ дохил шудааст. Пеш аз сафар ба Чин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои пешсафи мусобиқоти имсолаи лигаи олии кишвар - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ - бозии санҷишӣ анҷом дод. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21):
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);
Ҳимоятгарон: Алишер Баротов («Хатлон»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ҳусейн Нурматов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду – «Истиқлол»), Мунир Давлатбеков, Сорбон Авғонов (ҳарду – «Панҷшер»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов, Шервонӣ Мабатшоев, Абдулмуъмин Забиров (ҳама – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Ҳамроқулов («Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин
Даври 1-ум
4 сентябр (сешанбе)
13:00 – Узбекистон (U-21) – Тоҷикистон (U-21)
16:35 – Чин (U-21) – Мянмар (U-21)
Даври 2-юм
6 сентябр (панҷшанбе)
13:00 – Мянмар (U-21) – Узбекистон (U-21)
16:35 – Тоҷикистон (U-21) – Чин (U-21)
Даври 3-юм
8 сентябр (шанбе)
12:00 – Тоҷикистон (U-21) – Мянмар (U-21)
15:35 – Чин (U-21) – Узбекистон (U-21)
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Охир гуломи рус гаштаем намехохем русро ранчонем
Боз ба такрор мегуям ки гардиш ва хариду фуруши махсулоти аввалия ва ахамияти стратеги дошта (орд, гандум, равган, шакар, сузишвори) бояд сад дар сад дар монополияи давлат бошад. ако гапатон сад поз дуруст, енду ба пикри ма хамин гуптагихои худуш хамаш дар манаполияи давлат аст ку ё ба пикри шумо "Фароз" давлат не ми?
Ман мизочи депозитии Точиксодиротбонки Точикистон хастам. Аз соли 2015 инчониб наметавонам пулхои дар ин бонк гузоштаамро бозпас гирам.Аз 21.05.2021 ин бонк бо карори Бонки Милли Точикистон муфлисшуда эълон шуд, ва Мудири Махсус дар ин бонк таъин карда, масъулини бонк гуфтанд, ки дар мудати кутох амволхои бонкро фурухта пасандозхоятонро бармегардонанд.Аммо бо гузашти як сол то ба хол фуруши амволхоро огоз накардаанд, ва раванди бархамдихии бонк бенихоят суст рафта истодааст. Агар бо чунин суръат раванди бархамдихии бонкро идома диханд дахсолахои дигар лозим мешавад, ки пасандоздорон пулхояшонро бозпас гиранд.Ин усули бархамдихии бонк мо пасандоздоронро сахт нигарон карда аз такдири норушани пасандозхоямон дар ин бонк гамгин хастем. Аз ин лихоз аз шумо мухтарам кормандони Радиои Озоди эхтиромона хохиш менамоям, ки як барномаи махсус оиди пасандозхои мардум бо мудири махсуси Точиксодиротбонк мусохиба мегузаронидед то ин ки мо бидонем ки такдири норушани пасандозхоямон чи мешавад. Хохиш мекунам ки чунин саволхоро ба мудир дихед: 1. Бинои асосии бонк ва бинои мехмонхона ки ба фуруш гузошташудаанд оё маблаги ин бинохо баъди фурухта шуданашон пасандозхои мардумро медиханд ё дигар карзхояшонро медиханд? 2. Амволхои пурраи бонкро кай ба фуруш мегузоранд? 3. Чаро як сол гузаштааст аз бархам додани бонк то хол амволхои бонк ба фуруш гузошта нашудаан?
Причём здесь Худжанд. Таъриха хон баъдан дар бораи савод минтакахо гап зан. Такаббур ин саводноки нест. Саводноки ин донистан ва ба чомеъа манфиат расондан аст.
Сирри давлатиям як сиёсати хирадмандона аст. Мисли суд паси дархои сварка кардаги