Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед медали нуқра гирифт, Комроншоҳ – биринҷӣ


Умед Ҳасанбеков, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, медали нуқра ва гуштигири дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён медали биринҷӣ гирифтанд.

Ин медали дувуми Комроншоҳ дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ ба шумор меравад.

Умед Ҳасанбекови 30-сола имрӯз, 1-уми сентябр, дар мусобиқаи самбо дар вазни зери 90 кило дар даври аввал бар Каизен Чуанги 23-сола аз Тайбэйи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Ӯ дар чорякфинал бар Рио Акбар Баҳории 23-сола аз Индонезия бо ҳисоби 4:0 дастболо шуд.

Умед дар даври ниманиҳоӣ бар Айбол Айтбеки 25-сола аз Қазоқистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард ва ба финал баромад Умед дар даври ниҳоӣ аз Камолиддин Холмаматови 27-сола аз Узбекистон, ки дар қувваозмоии ниманиҳоӣ бар Комроншоҳи Устопириён пирӯзӣ ба даст оварда буд, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, Холмаматов бо медали тилло ва Ҳасанбеков бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Комроншоҳи 25-сола дар сабқати мардон дар вазни зери 90 кило нахуст бар Алибек Зекенови 29-сола аз Қазоқистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Нурбердихон Оразмамедови 24-соларо аз Туркманистон бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Вале Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири Узбекистон Камолиддин Холмаматови 27-сола бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Комроншоҳ барои медали биринҷӣ бар Руслан Эсгерови 22-солаи туркман бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Ин медали дувуми Комроншоҳ дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки 31-уми август дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия доир шуд, дар вазни зери 90 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр ба анҷом мерасанд, алъон мунтахаби Тоҷикистон бо касби чор медали нуқра ва се медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 30-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, чор медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило, Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 ва Умед Ҳасанбеков дар риштаи самбо дар вазни беш аз 100 кило овардаанд. Аз се медали биринҷӣ дутоашро Комроншоҳи Устопириён дар риштаҳои ҷудо ва самбо дар вазни зери 90 кило ва яктоашро Шакармамад Мирмамадов оид ба ҷудо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд.

Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 275 медал (124 тилло, 87 нуқра ва 64 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 196 медал (70-52-74) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 167 медал (46-55-66) дар мақоми севум қарор доранд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 70 медал (21-24-25) дар ҷойи 5-ум, Қазоқистон бо касби 73 медал (14 тилло, 16 нуқра ва 43 биринҷӣ) дар ҷойи 9-ум, Қирғизистон бо касби 20 медал (2 тилло, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи 22-юм, Тоҷикистон бо касби 7 медал (4 медали нуқра ва 3 медали биниҷӣ) дар ҷойи 30-юм ва Туркманистон бо касби 3 медал (1 медали нуқра ва 2 нишони биринҷӣ) дар ҷойи 32-юм қарор доранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат карданд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 28 медал (4 тилло, 7 нуқра ва 17 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

Варзишгарони тоҷик - ҷоизадорони Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия бо мукофотҳои пулӣ сарфароз хоҳанд шуд. Бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 №493 ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиё мукофотпулиҳои Ҷоизаи президенти Тоҷикистон муқаррар шудааст: барои медали тилло - 150000 сомонӣ (наздики 16 ҳазор доллари ИМА), барои медали нуқра - 100000 сомонӣ (бештар аз 10 ҳазор доллари ИМА) ва барои медали биринҷӣ - 50000 сомонӣ (бештар аз 5 ҳазор доллари ИМА).

XS
SM
MD
LG