Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVIII осиёӣ: Комроншоҳ барои медали биринҷӣ талош дорад


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия барои медали биринҷӣ мубориза мебарад.

Комроншоҳ дар сабқати мардон дар вазни зери 90 кило нахуст бар Шри Рам Макаҷу аз Непал пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Насиф Елиасро аз Лубнон мағлуб кард. Вале Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга шикаст хӯрд.

Зимнан, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2017”), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуда буд, Комроншоҳи Устопириён дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми дувумро касб намуд.

Ҳамин тариқ, Комроншоҳ дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ барои медали бирниҷӣ бо Ислом Бозбоеви қазоқ мубориза мебарад. Барои медали тилло Алтанбагана Гантулга бо Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Имрӯз, 31-уми август, боз ду варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо вориди рақобат шуданд. Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило дар даври аввал бар Ҷад Фадел аз Лубнон ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз Чо Гуҳам аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт. Ӯ дар даври тасаллобахш бар Виктор Демяненко (Қазоқистон) пирӯз шуд. Ҳамакнун Саидҷалол муборизаро барои медали биринҷӣ идома медиҳад. Рақибаш Отгонбаатар Лхагвасурен аз Муғулистон мебошад. Дар ин вазн Гуҳам Чо аз Кореяи Ҷанубӣ ва Кентаро Иида аз Ҷопон ба финал баромаданд.

Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило дар нахустин рақобати худ Санҷар Ҷабборовро аз Қазоқистон мағлуб кард. Вале дар чорякфинал аз Дууренбайар Улзибайар аз Муғулистон ноком шуд. Дар даври тасаллобахш ӯ Бекбулат Токтогонови қирғизро мағлуб кард. Шакармамад низ барои медали биринҷӣ талош меварзад. Рақибаш Такеши Оҷитани аз Ҷопон аст. Дар ин вазн Сунгмин Ким аз Кореяи Ҷанубӣ ва Дууренбайар Улзибайар аз Муғулистон барои медали тилло мубориза мебаранд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр ба анҷом мерасад, алъон мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали нуқра дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 30-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ин се медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ва Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 овардаанд.

Имрӯз қаиқронҳои тоҷик Шаҳриёр ва Мустафо Даминовҳо дар сабқати мардон оид ба каноэи дунафарӣ ба масофаи 200 метр ва Абдусаттор Ғаффоров дар сабқати инфиродӣ дар байдарка ба масофаи 200 метр ширкат меварзанд.

Ҳамчунин рӯзи ҷумъа дар мусобиқаи самбо Ҷомии Ҳасан дар вазни зери 52 кило дар даври аввал бо Суҳайл Ҷамолободӣ аз Эрон ва Сомон Сангов бо Беимбет Канжанов аз Қазоқистон вориди рақобат мешаванд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 24 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG