Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVIII осиёӣ: Тоҷикистон бо 3 медали нуқра дар ҷойи 30-юм аст


Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр ба анҷом мерасад, алъон мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали нуқра дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 30-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ин се медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ва Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 овардаанд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ то рӯзи 31-уми август дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 241 медал (112 тилло, 76 нуқра ва 53 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 174 медал (59-49-66) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 141 медал (39-46-56) дар мақоми севум қарор доранд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 53 медал (15-19-19) дар ҷойи 6-ум, Қазоқистон бо касби 60 медал (11 тилло, 11 нуқра ва 38 биринҷӣ) дар ҷойи 11-ум, Қирғизистон бо касби 19 медал (2 тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар ҷойи 22-юм, Тоҷикистон бо касби се медали нуқра дар ҷойи 30-юм ва Туркманистон бо касби як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ дар ҷойи 32-юм қарор доранд.

Рӯзи 30-юми август дар мусобиқаи ҷудо се варзишгари тоҷик ширкат карда, аз медалҳо бенасиб монданд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Лаос ва Қатар ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар чорякфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт ва баъдан дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Бектур Рисмамбетов аз Қирғизистон бохт.

Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило дар даври аввал бар намояндаи Фаластин пирӯзӣ ба даст овард, вале дар даври баъдӣ аз варзишгари муғул шикаст хӯрд.

Дар сабқати занон дар риштаи ҷудо Тоҷикистонро як нафар – Шоҳида Қаландарова – намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни зери 57 кило дар аввалин қувваозмоияш аз Ҷандӣ Ким (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуд.

Имрӯз, 31-уми август, боз се варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо вориди рақобат шуданд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило нахуст бар Шри Рам Макаҷу аз Непал пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Насиф Елиасро аз Лубнон мағлуб кард. Рақибаш дар даври ниманиҳоӣ гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мебошад.

Зимнан, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2017”), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми дувумро касб намуд.

Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило дар даври аввал бар Ҷад Фадел аз Лубнон ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз Чо Гуҳам аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт. Ӯ дар даври тасаллобахш бо Виктор Демяненко (Қазоқистон) рақобат мекунад.

Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило дар нахустин рақобати худ Санҷар Ҷабборовро аз Қазоқистон мағлуб кард. Вале дар чорякфинал бо Дууренбайар Улзибайар аз Муғулистон ноком шуд. Дар даври тасаллобахш рақиби ӯ Бекбулат Токтогонови қирғиз мебошад.

30-юми август варзишгари тоҷик Давлатшои Ғазалшо дар мусобиқаи гуштии кураш ширкат дошт. Вале ӯ дар вазни зери 90 кило дар аввалин қувваозмоии худ аз паҳлавони Кувайт Ҳусейн Мисрӣ шикаст хӯрд.

Рӯзи панҷшанбе қаиқронҳои тоҷик боз дар ду навъи рақобатҳо иштирок карданд. Шаҳриёр ва Мустафо Даминовҳо дар сабқати мардон оид ба каноэи дунафарӣ ба масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4:41.997 ҷойи 9-умро гирифтанд. Ҷойи аввал бо натиҷаи 3:39.825 насиби варзишарони Чин Ҳао Лиу ва Ҳао Ванг гардид.

Имрӯз Шаҳриёр ва Мустафо Даминовҳо дар сабқати мардон оид ба каноэи дунафарӣ ба масофаи 200 метр ва Абдусаттор Ғаффоров дар сабқати инфиродӣ дар байдарка ба масофаи 200 метр ширкат меварзанд.

Ҳамчунин рӯзи ҷумъа Ҷомии Ҳасан дар риштаи самбо дар вазни зери 52 кило дар даври аввал бо Суҳайл Ҷамолободӣ аз Эрон вориди рақобат мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 24 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG