Беҳрӯзи Хоҷазода, варзишгари маъруфи тоҷик дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазодаи 23-сола дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни зери 81 кило, ки имрӯз, 29-уми август, дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта – ҷараён дорад, дар қувваозмоии аввали худ бар Мӯсо Собиров аз Узбакистон ғолиб омад.
Сипас дар чорякфинал намояндаи Тайбэйи Чин Ҳуанг Чунтаро мағлуб кард. Беҳрӯз дар даври ниманиҳоӣ бар Тазтак Умеди эронӣ дастболо шуд Рақиби паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ, ки имрӯз барпо мегардад, Алиакбари Илёс аз Эрон мебошад.
Бояд гуфт, ки новобаста аз натиҷаи қувваозмоии ниҳоӣ Беҳрӯзи Хоҷазода ба мунтахаби Тоҷикистон дувумин медалро дар ин Бозиҳо меоварад: ё тилло ва ё нуқра.
Вале паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило, ки дар даври аввал бар рақибонаш аз Ветнам ва Сурия дастболо шуд, дар чорякфинал аз Сарвар Шомуродови узбекистонӣ мағлуб гашт.