Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVIII осиёӣ: Тоҷикистон бо як медал дар ҷойи 32-юм аст


Тоҷикистон дар байни 36 кишваре, ки алъон барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия гардидаанд, бо як медали нуқра дар ҷойи 32-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ин медалро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар риштаи гурзандозӣ овардааст. Ӯ дар мусобиқаи ниҳоӣ миёни мардон гурзро ба масофаи 74 метру 16 сантиметр ҳаво дода, ҷойи дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Коршиносон аз варзишгарони тоҷик дар риштаи самбо, ки барои бори аввал ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудааст, медалҳоро чашмдоранд.

Рӯзи 28-уми август чаҳор паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи гуштии кураш ширкат намуда, аз медалҳо бенасиб монданд. Баҳодур Ҳалимов ва Орифҷон Додов дар вазни зери 66 кило баъди ду пирӯзӣ мутаносибан бар рақибонашон аз Туркманистону Яман ва Кувайту Тайбейи Чин ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале дар чорякфинал Баҳодур аз варзишгари Тайбейи Чин ва Орифҷон аз гуштигири Эрон мағлуб шуданд.

Набимуҳаммад Хоркашев ва Саидҷалол Саидов бошанд, дар вазни беш аз 90 кило дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Набимуҳаммад қувваозмоиро ба гуштигири Эрон ва Саидҷалол ба паҳлавони Тайбейи Чин бохтанд.

Имрӯз, 29-уми август, боз ду варзишгари тоҷик – Акмал Муродов ва Беҳрӯзи Хоҷазода – дар намуди кураш вориди рақобат мешаванд. Рӯзи 30-юми август боз ду паҳлавони тоҷик – Ҳоҷимашраб Раҳмонов ва Ғазалшои Давлатшо дар вазни зери 90 кило рақобат хоҳанд кард.

Рӯзи 28-уми август Шоира Зулқайнарова дар риштаи бокс дар вазни зери 60 кило дар даври чорякниҳоӣ аз муштзани Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Аз ин пеш Шоира дар аввалин қувваозмоияш бар варзишгари Шри-Ланка бо ҳисоби 5:0 ғолиб шуда буд.

Асрор Воҳидов.
Асрор Воҳидов.

Рӯзҳои қаблӣ муштзанҳои тоҷик Мадина Ғаффорова, Асрор Воҳидов ва Баҳодур Усмонов ноком шуда буданд. Мадина дар вазни зери 51 кило миёни занон дар нахустин рақобати худ аз намояндаи Ҳиндустон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Асрор Воҳидов дар вазни 56 кило миёни мардон аввалин қувваозмоияшро ба рақибаш аз Ироқ бо ҳисоби 2:3 бохт. Баҳодур Усмонов дар вазни зери 64 кило миёни мардон дар даври аввал бар муштзан аз Шри-Ланка ғолиб омад, вале дар даври шонздаҳякниҳоӣ аз намояндаи Тайланд бо ҳисоби 1:4 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, муштзанҳои тоҷик аз медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ бенасиб монданд.

Субҳи имрӯз, 29-уми август, ду варзишгари тоҷик – Суҳроб Боқиев ва Ёқубҷон Боқиев – дар мусобиқаи ҷудо ширкат карда, ноком шуданд. Суҳроб дар вазни зери 60 кило нахустин қувваозмоияшро ба варзишгари Чин бохт. Ёқубҷон бошад, дар вазни зери 66 кило дар даври аввал гуштигири индонезиягиро мағлуб кард, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Узбекистон шикаст хӯрд.

Дар намуди ҷудо боз панҷ гуштигири тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) - дар сабқати мардон ва як нафар – Шоҳида Қаландарова – дар вазни зери 57 кило миёни занон рӯзҳои 30-31-уми август рақобат мекунанд.

Рӯзи 29-уми август варзишгарони тоҷик дар мусобиқа оид ба қаиқронӣ дар каноэ ва байдарка ширкат меварзанд. Абдусаттор Ғафуров дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 200 метр, инчунин ӯ ҳамроҳи Зоҳирҷон Набиев дар байдаркаи дунафарӣ ба масофаи 1000 метр (сабқати ниманиҳоӣ), Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр (сабқати ниҳоӣ), Шаҳриёр ва Мустафо Даминовҳо дар каноэи дунафарӣ ба масофаи 200 метр (сабқати ниҳоӣ) вориди рақобат мешаванд. Инчунин дастаи Тоҷикистон дар байдаркаи чорнафарӣ ба масофаи 500 метр миёни мардон дар даври ниманиҳоӣ рақобат мекунад.

Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ.
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ.

Коршиносон аз варзишгарони тоҷик дар риштаи самбо, ки барои бори аввал ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудааст, медалҳоро чашмдоранд. Дар мусобиқаи самбо, ки рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр дар шаҳри Ҷакарта доир мешавад, Тоҷикистонро чаҳор варзишгар дар ду вазн - Сомон Сангов ва Ҷомии Ҳасан (ҳарду дар вазни зери 52 кило), Комроншоҳи Устопириён ва Умед Ҳасанбеков (ҳарду дар вазни зери 90 кило) - дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён доранд, то ҳоло мунтахаби Чин бо касби 212 медал (99 тилло, 65 нуқра ва 48 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 147 медал (45-40-62) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 119 медал (32-40-47) дар мақоми севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин, Индонезия (27-20-32), Эрон (17-16-16), Тайбейи Чин (13-14-20), Кореяи Шимолӣ (12-8-7), Ҳиндустон (9-19-22), Узбекистон (9-15-14) ва Тайланд (9-13-34) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 36 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 38 медал (9-15-14) дар ҷойи нӯҳум, Қазоқистон бо касби 47 медал (8 тилло, 9 нуқра ва 30 биринҷӣ) дар ҷойи ёздаҳум, Қирғизистон бо касби 17 медал (2 тилло, 6 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар ҷойи бисту якум, Туркманистон бо касби як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ дар ҷойи сиву якум ва Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷойи 32-юм қарор доранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 22 медал (4 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG