Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон севум шуд


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои Ҷоми президенти Қазоқистон бо медалҳои биринҷӣ ва се ҳазор доллар мукофотонида шуд.

Футболбозони навраси тоҷик дар бозӣ барои ҷойи сеюм, ки 28-уми август дар урдугоҳи дастаҳои мунтахаби Қазоқистон - Талгар – доир шуд, бар мунтахаби Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Голҳоро Ҷонибек Шарипов дар дақиқаи 32-юм ва Ислом Зоиров дар дақиқаи 46-ум ба самар расонданд.

Мусобиқаи имсола барои Ҷоми президенти Қазоқистон бо ширкати шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Б» ҳамроҳи тимҳои Қазоқистон (U-16) ва Академияи “Краснодар” (U-17, Русия) рақобат кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-17) дохил буданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бар тими Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада, аз тими Академияи “Краснодар”-и Русия бо ҳисоби 0:4 мағлуб гашт. Дар гурӯҳи “Б” тими “Краснодар” (U-17) бо шаш имтиёз ғолиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо се имтиёз мақоми дувумро касб намуд. Дастаи Қазоқистон (U-16) бидуни имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Бар асоси дастури мусобиқот барои ҷоизаи аслӣ – Ҷоми президенти Қазоқистон - дастаи Академияи “Краснодар” (U-17) ва ғолиби гурӯҳи “А” – мунтахаби Озарбойҷон (U-17) 28-уми август дар бозии ниҳоӣ мубориза бурданд. Дар ҷараёни бозӣ ба футболбозон задани гол муяссар нашуд. Бозии ҳалкунанда аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 3:0 ба нафъи футболбозони навраси Академияи “Краснодар” хотима ёфт.

Барои ҷойҳои 5-6-ум дастаҳои Қирғизистон (U-17) ва Қазоқистон (U-16) рақобат карданд. Ин бозӣ бо ғалабаи футболбозони навраси қазоқ бо ҳисоби 4:0 ба анҷом расид.

Ҷавоизи умумии Ҷоми президенти Қазоқистон 15 ҳазор долларро ташкил медод. Ғолиб ба ҷуз ҷому медалҳои тилло бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 7 ҳазор доллар сарфароз гардид. Ба ҷоизадори нуқра 5 ҳазор доллар ва ба ҷоизадори биринҷӣ 3 ҳазор доллар супурда шуд.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон барои дастаи мо як давраи омодагӣ ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешуд, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри имсол дар Малайзия доир мегардад».

Дар мусобиқоти қитъавӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Малайзия (20-уми сентябр), Ҷопон (23-юми сентябр) ва Тайланд (26-уми сентябр) бозӣ мекунад.

Ҷоми президенти Қазоқистон-2018

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Қазоқистон (U-17) Тоҷикистон (U-16) – 0:2

Голҳо: Ҷонибек Шарипов, 32 (0:1). Ислом Зоиров, 46 (0:2).

Қазоқистон (U-17): Константин Пузанов, Роман Балута (Ғанӣ Сулаймон, 53), Дамир Касабулат, Юрий Аханов, Лев Кургин, Максим Самородов (Галимжан Кенжебек, 41), Александр Бовкун, Жасулан Ержигит (Владислав Бутирин, 30), Одилхон Добай, Ринат Сериккул (Айбар Кусаинов, 41), Қаҳрамон Ҳасанов.

Тоҷикистон (U-16): Муҳриддин Ҳасанов, Исроил Холов (Меҳроб Азимов, 78), Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Ҷонибек Шарипов, Шарифбек Раҳматов (Ҳамадонӣ Камолов, 41), Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев (Иброҳим Зокиров, 65), Эмомалӣ Аҳмадхон (Парвиз Ҳоҷиев, 75), Рустам Соиров (Азизбек Ҳасанов, 55), Ислом Зоиров, Шоҳрух Сангов.

Огоҳонида шуданд: Роман Балута (Қазоқистон), Исроил Холов (Тоҷикистон).

Сардовар: Сергей Ноженко (Қазоқистон).

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

Қирғизистон (U-17) Қазоқистон (U-16) – 0:4

Финал

«Краснодар» (U-17) — Озарбойҷон (U-17) - 0:0 (0:0), аз рӯи силсилаи пеналтӣ — 3:0

Мавқеи дастаҳо дар Ҷоми президенти Қазоқистон-2018:

1. Академияи «Краснодар» (U-17)
2. Озарбойҷон (U-17)
3. Тоҷикистон (U-17)
4. Қазоқистон (U-17)
5. Қазоқистон (U-16)
6. Қирғизистон (U-17)

Инчунин беҳтарин футболбозони ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ҷоизаҳо сарфароз шуданд:
Беҳтарин дарвозабон — Муҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон U-16)
Беҳтарин ҳимоятгар — Егор Ткаченко (Қазоқистон U-16)
Беҳтарин нимҳимоятгар — Вейсал Рзаев (Озаройҷон U-17)
Беҳтарин ҳамлагар — Мусо Гурбанлӣ (Озарбойҷон U-17)
Беҳтарин голзан — Олег Ознобихин (Академияи «Краснодар» U-17)
Беҳтарин бозигар — Исломбек Губжоков (Академияи «Краснодар» U-17).

XS
SM
MD
LG