Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 4-ум то 8-уми сентябри имсол дар шаҳри Юннани Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолонашон аз Чин, Узбекистон ва Мянмар мебошанд.
Ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) як давраи омодагии даста ба марҳалаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 18-ум то 26-уми марти соли оянда доир мегардад, маҳсуб мешавад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бинобар ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ танаффуси дуҳафтаина эълон шудааст. Мусобиқот рӯзҳои 13-ум ва 14-уми сентябр барпо мегарданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум
13 сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Хуҷанд» – «Барқчӣ»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
14 сентябр (ҷумъа)
ССКА «Помир» – «Панҷшер»
Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»
«Хатлон» – «Кӯктош»
Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
15 |
11 |
3 |
1 |
33-14 |
36 |
2 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
15 |
11 |
3 |
1 |
26-13 |
36 |
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
15 |
7 |
3 |
5 |
22-22 |
24 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
15 |
5 |
4 |
6 |
21-20 |
19 |
5 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
15 |
4 |
6 |
5 |
18-25 |
18 |
6 |
«Хатлон» (Бохтар) |
15 |
4 |
3 |
8 |
16-20 |
15 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
15 |
2 |
5 |
8 |
11-21 |
11 |
8 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
15 |
2 |
1 |
12 |
10-22 |
7 |
Голзанҳои пешсаф: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 8 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») 6-тӯбӣ, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»/«Барқчӣ») – 5-тӯбӣ.