Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи наврасони тоҷик дар Ҷоми президенти Қазоқистон барои ҷои севум


Дастаи мунтахаби футболи наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон (U-16) дар бозии дувумаш дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон аз тими Краснодари Русия (U-17) бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Дар ин бозӣ, ки 25-уми август дар урдугоҳи дастаҳои мунтахаби Қазоқистон - Талгар – доир шуд, ду голро Олег Ознобихин (дақиқаҳои 3-юм ва 42-юм) ва ду голи дигарро Исломбек Губжоков (дақиқаҳои 15-ум ва 51-ум) ба самар расонданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозӣ муқобили тими Краснодар (U-17) чунин буд: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров (Шоҳрух Сангов, 33), Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (Меҳроб Азимов, 79), Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шарифбек Раҳматов (Ҳамадонӣ Камолов, 56), Нидоёр Забиров (Ҳамза Аҳтамов, 69), Озодбек Панҷиев (Азизбек Ҳасанов, 76), Иброҳим Зокиров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 41), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Рустам Соиров, 41), Ислом Зоиров.

Ёдовар мешавем, дар бозии даври аввал мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бар тими Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Мусобиқаи имсола барои Ҷоми президенти Қазоқистон нахуст бо ширкати шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи «Б» ҳамроҳи тимҳои Қазоқистон (U-16) ва Краснодар (U-17) рақобат кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-17) дохил буданд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “Б” тими Краснодар (U-17) бо шаш имтиёз ғолиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо се имтиёз мақоми дувумро касб намуд. Дастаи Қазоқистон (U-16) бидуни имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Ҷавоизи умумии Ҷоми президенти Қазоқистон 15 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз ҷому медалҳои тилло бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 7 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба ҷоизадори нуқра 5 ҳазор доллар ва ба ҷоизадори биринҷӣ 3 ҳазор доллар супурда мешавад.

Бар асоси дастури мусобиқот барои ҷоизаи аслӣ – Ҷоми президенти Қазоқистон, медалҳои тилло ва 7 ҳазор доллар - дастаи Краснодар (U-17) бо ғолиби гурӯҳи “А” - Озарбойҷон (U-17) – 28-уми август рақобат мекунад. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо дастаи Қазоқистон (U-17), ки дар гурӯҳи “А” дувум шуд, барои медалҳои биринҷӣ ва 3 ҳазор доллар мубориза мебарад. Барои ҷойҳои 5-6-ум дастаҳои Қирғизистон (U-17) - Қазоқистон (U-16) талош меварзанд.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкат дар Ҷоми президенти Қазоқистон барои дастаи мо як давраи омодагӣ ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешавад, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри имсол дар Малайзия доир мегардад».

Зимнан, дар мусобиқаи қитъавӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Малайзия (20-уми сентябр), Ҷопон (23-юми сентябр) ва Тайланд (26-уми сентябр) бозӣ мекунад.

Натоиҷи бозиҳои Ҷоми президенти Қазоқистон-2018:

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Қазоқистон (U-17) – Қирғизистон (U-17) – 3:1

Даври 2-юм

Қирғизистон (U-17) – Озарбойҷон (U-17) – 0:3

Даври 3-юм

Озарбойҷон (U-17) – Қазоқистон (U-17) – 1:1

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Озарбойҷон (U-17)

2

1

1

0

4-1

4

2

Қазоқистон (U-17)

2

1

1

0

4-2

4

3

Қирғизистон (U-17)

2

0

0

2

1-6

0

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

Қазоқистон (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 0:3

Даври 2-юм

Тоҷикистон (U–16) - Краснодар (U-17) – 0:4

Даври 3-юм

Краснодар (U-17) – Қазоқистон (U-16) – 2:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Б

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Краснодар (U-17)

2

2

0

0

6-0

6

2

Тоҷикистон (U-16)

2

1

0

1

3-4

3

3

Қазоқистон (U-16)

2

0

0

2

0-5

0

Тақвими бозиҳои боқимондаи Ҷоми президенти Қазоқистон-2018:

28 август (сешанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум. Қирғизистон (U-17) - Қазоқистон (U-16)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Тоҷикистон (U-16) – Қазоқистон (U-17)

18:00 – Финал. Озарбойҷон (U-17) – Краснодар (U-17)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG