Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Умеди Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ ба Дилшод Назаров аст"


Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар риштаи гурзандозӣ, рӯзи 26-уми август дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад, вориди рақобат мешавад.

Ба ҷуз Дилшод Назаров, ба дастаи Тоҷикистон шогирдаш Абдурауф Мӯсоеви 22-сола дохил аст. Инчунин зодаи дигари Тоҷикистон - Сӯҳроб Хоҷаеви 25-сола - Узбекистонро намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои вебсайти Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, мусобиқаи ниҳоии гурзандозӣ дар варзишгоҳи «Gelora Bung Karno Main Stadium»-и шаҳри Ҷакарта шоми якшанбе соати 20:35 ба вақти Индонезия (соати 18:35 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ба иттилои ин манбаъ, ба рӯйхати ширкаткунандагони мусобиқаи ниҳоии гурзандозӣ 14 варзишгар аз даҳ кишвар дохил аст. Дунафарӣ аз Индонезия, Қатар, Тоҷикистон ва Чин, якнафарӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Тайланд, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Ба ҷуз Дилшод Назаров, ба дастаи Тоҷикистон шогирдаш Абдурауф Мӯсоеви 22-сола дохил аст. Инчунин зодаи дигари Тоҷикистон - Сӯҳроб Хоҷаеви 25-сола - Узбекистонро намояндагӣ мекунад.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ мунтахаби Чин бо касби 153 медал (72 тилло, 51 нуқра ва 30 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 110 медал (34-32-44) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 84 медал (25-26-33) дар мақоми севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин, Эрон (14-11-9), Индонезия (10-12-17), Кореяи Шимолӣ (10-5-7), Тайланд (8-8-24), Ҳиндустон (7-5-17), Тайбейи Чин (6-11-13) ва Узбекистон (5-10-8) дохиланд.

Умуман, дар тӯли ҳафт рӯзи мусобиқот варзишгарони 33 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 25 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 23 медал (5-10-8) дар ҷойи даҳум, Қазоқистон бо касби 38 медал (4 тилло, 7 нуқра ва 27 биринҷӣ) дар ҷойи ёздаҳум, Қирғизистон бо касби 12 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи понздаҳум ва Туркманистон бо касби як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ дар ҷойи бисту шашум қарор доранд. Вале варзишгарони Тоҷикистон алъон медал ба даст наовардаанд.

Коршиносони соҳа дар ин Бозиҳо ба ҷуз Дилшод Назаров (гурзандозӣ), боз аз варзишгарони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён (ҷудо ва самбо), Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш ва ҷудо), Саидҷалол Саидов ва Набимуҳаммад Хоркашев (самбо) медалҳо чашмдоранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG