Варзишгарони навраси тоҷик дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мактаббачагони солҳои таваллудашон 2002-2003, ки рӯзҳои 23-24-уми август дар шаҳри Орёли Русия баргузор шуд, чаҳор медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 25-уми август, хабар дод. Ӯ афзуд, “дар ин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аввалин бор миёни мактаббачагон доир шуд, намояндагони 25 кишвар ширкат доштанд. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 9 гуштигири наврас дар сабқати писарон намояндагӣ кард”.
Дар рӯзи аввали мусобиқот – 23-юми август – варзишгарон дар панҷ вазн – 42, 50, 60, 72 ва 84 кг – рақобат намуданд. Варзишгари навраси тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар рақобатҳо дар вазни 72 кило медали тилло ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Тхиваиос Димитрос аз Юнон пирӯз шуд. Вале се гуштигири дигари тоҷик – Кароматулло Кароматов (50 кг), Мунис Бобоев (60 кг) ва Ҳабибулло Нуруллозода (84 кг) – дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз медалҳо бенасиб монданд.
Дар рӯзи дувуми мусобиқот - 24-уми август - рақобатҳо дар панҷ вазни боқимонда барпо гардид. Суннатуллои Мирзоалӣ (55 кг), Субҳиддин Халилзода (66 кг) ва Озодӣ Носиров (78 кг) , ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Ду нафари дигар - Муҳаммадҷон Зиёев (46 кг) ва Фазлиддиншо Ҳусейнов (+84 кг) - бе медал монданд.
Ба ин тартиб, дар ҳашт вазн миёни писарон варзишгарони Русия, дар як вазн намояндаи Кипр ва дар як вазни дигар гуштигири Тоҷикистон ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд ва бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мактаббачагон, шаҳри Орёли Русия, 23-24 августи соли 2018
Писарон:
42 кг
1. Караулшиков Никита (Русия)
2. Ангсаган Казбек (Қазоқистон)
3. Мусоев Абдумалик (Қирғизистон)
3. Саргсян Грач (Арманистон)
46 кг
1. Недобежкин Иля (Русия)
2. Енкхаболт Сарҷавхлан (Муғулистон)
3. Хисапов Адилет (Қазоқистон)
3. Танковски Ивелин (Булғористон)
50 кг
1. Шамсуддинов Дамир (Русия)
2. Суиумқулов Эрмек (Қирғизистон)
3. Арапан Иулян (Молдова)
3. Адашян Армен (Арманистон)
55 кг
1. Дедов Вадим (Русия)
2. Кубанич Уулу Адилет (Қирғизистон)
3. Кулуманов Магениует (Қазоқистон)
3. Суннатуллои Мирзоалӣ (Тоҷикистон)
60 кг
1. Андреу Киприанос (Кипр)
2. Латисев Михаил (Молдова)
3. Лобанов Максим (Русия)
3. Зубко Даниил (Фаронса)
66 кг
1. Тухлов Иван (Русия)
2. Сартов Алаи (Қирғизистон)
3. Саргсян Саргис (Арманистон)
3. Халилзода Субҳиддин (Тоҷикистон)
72 кг
1. Ғаниев Ғаниҷон (Тоҷикистон)
2. Тхиваиос Димитрос (Юнон)
3. Гхергелиник Артур (Молдова)
3. Лоповок Ефим (Русия)
78 кг
1. Мерзляков Максим (Русия)
2. Булат Эдуард (Беларус)
3. Дукалскис Эдгарс (Латвия)
3. Носиров Озодӣ (Тоҷикистон)
84 кг
1. Канатчиков Александр (Русия)
2. Поладишвили Торнике (Гурҷистон)
3. Чияшков Вячеслав (Беларус)
3. Гаврилидис Аристотел (Юнон)
+84 кг
1. Якушев Дмитрий (Русия)
2. Леонидис Аристотелис арис (Юнон)
3. Бринзел Виорел (Молдова)
3. Новик Юрий (Беларус)