Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Майк Помпео хост, ба Куриёи Шимолӣ наравад


Майк Помпео
Майк Помпео

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, аз Майк Помпео, вазири умури хориҷии ин кишвар хостааст, ки сафарашро ба Кореяи Шимолӣ лағв кунад. Бар асоси нақша, Помпео бояд ҳафтаи оянда ба Пхенян мерафт.

Ба қавли Трамп, ин корро ба хотири кундии пешрафт барои халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Куриё анҷом додааст.

Ӯ рӯзи 24-уми август дар “Твиттер” аз Чин ҳам интиқод кард, ки дар заминаи ташвиқи Пхенян барои ғайриҳастаӣ шудани нимҷазира кумак накардааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, рӯзи 12-уми июни имсол дар Сингапур бо ҳам мулоқот карданд. Он вақт президент Трамп эълон карда буд, ки буҳрони барномаҳои ҳастаии Пхенянро то ҳадди зиёд ҳал кард ва Куриёи Шимолӣ дигар “таҳдиди атомӣ” нест.

XS
SM
MD
LG