Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА кумаки беш аз 200 млн доллариашро ба Фаластин "бурид"


Доналд Трамп, президенти Амрико бо Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин
Доналд Трамп, президенти Амрико бо Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин

Ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар даст додааст, ки кумаки беш аз 200 миллион долларӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар Каронаи Ғарбӣ ва Ғаззаро қатъ кунад.

Департаменти давлатии Амрико рӯзи 24-уми август эълон кард, ки Трамп аз ин вазорат хостааст, ин пулро барои иҷрои барномаҳои дигар ҷудо кунад.

Ин вазорат гуфтааст, раванди бознигарии кумаки Амрико ба Фаластин, Каронаи Ғарбӣ ва Ғаззаро оғоз кардаанд, то итминон ҳосил шавад, ки пулҳо бо назардошти манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида харҷ шудаанд.

Як мақоми Фаластин ин иқдоми Амрикоро зидди сулҳ хондааст.

XS
SM
MD
LG