Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои Ҷоми президенти Қазоқистон


Дастаи мунтахаби футболи наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 24-ум то 28-уми август баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ дар урдугоҳи дастаҳои мунтахаби Қазоқистон - Талгар – барпо мегардад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Б» бо тимҳои Қазоқистон-2 ва Академияи Краснодар рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дохиланд.

Ҷавоизи умумии Ҷоми президенти Қазоқистон 15 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз ҷому медалҳои тилло бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 7 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба ҷоизадори нуқра 5 ҳазор доллар ва ба ҷоизадори биринҷӣ 3 ҳазор доллар супурда мешавад.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкат дар Ҷоми президенти Қазоқистон барои дастаи мо як марҳалаи омодагӣ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешавад, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия доир мегардад».

Зимнан, дар мусобиқаи қитъавӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Малайзия (20-уми сентябр), Ҷопон (23-юми сентябр) ва Тайланд (26-уми сентябр) бозӣ мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми президенти Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Меҳробҷон Азимов, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Муслимбек Зайниддинов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Шоҳрух Сангов, Озодбек Панҷиев, Ҳамзаҷон Аҳтамов, Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Умедҷон Холиқов, Парвиз Ҳоҷиев, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Азизбек Ҳасанов, Ислом Зоиров, Рустам Соиров (ҳарсе – «Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ - Зайниддин Раҳимов

Тақвими бозиҳои Ҷоми президенти Қазоқистон-2018:

Гурӯҳи «А»: Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон.

Гурӯҳи «Б»: Қазоқистон-2, Тоҷикистон, Академияи Краснодар.

Даври 1-ум

24 август (ҷумъа)

14:00 – Қазоқистон-2 – Тоҷикистон

17:00 – Қазоқистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

25 август (шанбе)

14:00Тоҷикистон – Академияи Краснодар

17:00 – Қирғизистон – Озарбойҷон

Даври 3-юм

26 август (якшанбе)

14:00 – Академияи Краснодар – Қазоқистон-2

17:00 – Озарбойҷон – Қазоқистон

28 август (сешанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

18:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG