Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ медал надоранд


Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии мусобиқот дар риштаҳои мухталиф то рӯзи 23-юми август варзишгарони тоҷик ҳанӯз медал ба даст наовардаанд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ ҳоло мунтахаби Чин бо касби 83 медал (38 тилло, 30 нуқра ва 15 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 68 медал (20-23-25) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 49 медал (11-15-23) дар мақоми севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин, Эрон (7-3-16), Индонезия (6-4-7), Кореяи Шимолӣ (5-2-3), Ҳиндустон (4-3-8), Тайланд (4-2-10), Узбекистон (3-5-6) ва Тайбейи Чин (3-3-8) дохиланд.

Умуман, то рӯзи 23-юми август варзишгарони 24 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 18 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 14 медал (3-5-6) дар ҷойи нӯҳум, Қазоқистон бо касби 21 медал (1 тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи дувоздаҳум, Қирғизистон бо касби 9 медал (0-4-5) дар ҷойи нуздаҳум ва Туркманистон бо касби як медали нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи бисту дувум қарор доранд. Вале варзишгарони Тоҷикистон алъон медал ба даст наовардаанд.

Афғонистон 24-умин кишварест, ки дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ соҳиби медал гардидааст. Ҳотак Ҳамид рӯзи 22-юми август дар намуди ушу дар вазни 65 кило миёни мардон бо медали биринҷӣ сафароз гашт.

Варзишгарони тоҷик то ҳоло аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII осиёӣ оид ба футболи занона, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, тирандозӣ, ушу, шиноварӣ, камонварӣ ва таэквондо рақобат карда, ноком шуданд.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон, ки дар ду бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Кореяи Шимолӣ ва Чин бо ҳисоби якхелаи 0:16 шикаст хӯрда буд, рӯзи 22-юми август дар бозии севумаш низ аз тими Ҳонконг бо ҳисоби 1:6 мағлуб гашт. Голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон Наталия Сотникова ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври севуми сабқати гурӯҳи “В” мунтахаби Чин бар дастаи Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври севум дар гурӯҳи “В” мунтахаби Чин бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб намуд. Тими Ҳонконг бо 3 имтиёз севум шуд. Ҳарсе даста ба чорякфинал баромад. Вале мунтахаби Тоҷикистон, ки бидуни имтиёз дар ҷойи чорум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Коршиносони соҳа дар ин Бозиҳо аз варзишгарони маъруфи тоҷик Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо ва самбо), Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш ва ҷудо), Саидҷалол Саидов, Набимуҳаммад Хоркашев (самбо), инчунин дар намудҳои бокс, каратэ ва ҷиу-ҷитсу медалҳо чашмдоранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG