Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Хоҷаев сармураббии "Панҷшер" таъйин шуд


Рустам Хоҷаев, мутахассиси 45-солаи тоҷик, собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, сармураббии тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин шуд. Вай дар ин вазифа Алиёр Ашӯрмамадовро иваз намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи футболи лигаи олии кишвар – «Панҷшер» - бо Рустам Хоҷаев қарордод ба тасвиб расонд ва ӯ ба вазифаи нави худ шуруъ кард. «Панҷшер бо раҳбарии ӯ рӯзи якшанбеи 26-уми август дар майдони худ дар даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон муқобили тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад.

Зимнан, Рустам Хоҷаев, ки ҳамчун сармураббӣ ҳамагӣ як сол дар бошгоҳи «Хуҷанд» кор кардааст, авохири моҳи феврали имсол ба иллати натиҷаҳои ғайриқаноатбахши “Хуҷанд” дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили тими “Аҳал”-и Балканободи Туркманистон аз вазифааш сабукдӯш шуда буд.

Бояд гуфт, ки «Хуҷанд» бо раҳбарии Рустам Хоҷаев, соли гузашта медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтарин мураббии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Ин мутахассиси пуртаҷриба, инчунин, солҳои мухталиф ҳамчун сармураббӣ дар дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Барқчӣ»-и Душанбе кор кардааст.

Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2013 беҳтарин мураббии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд. Ҳамон сол дастаи «Хайр» бо раҳбарии ӯ медалҳои биринҷии қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардидааст.

Рустам Хоҷаев, ки дорои муҷаввизи мураббии дараҷаи «А» мебошад, дар гузашта ҳамчун футболбоз ба ҷуз дастаҳои Тоҷикистон, дар бошгоҳҳои футболи Қазоқистон ва Беларус бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба дарвозаи рақибонаш чор гол задааст.

Дастаи «Панҷшер» дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон бо 11 имтиёз дар зинаи пешазохирин – ҳафтум – қарор дорад.

XS
SM
MD
LG