Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Чин дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия идома дорад


Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад, дар ҳамин ҳол мунтахаби Чин бо касби 60 медал (30 тилло, 18 нуқра ва 12 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 47 медал (12-17-18) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 34 медал (8-12-14) дар мақоми севум қарор доранд.

Умуман, то рӯзи 22-юми август варзишгарони 22 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 16 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Қазоқистон бо касби 13 медал (1 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи даҳум, мунтахаби Узбекистон бо касби 10 медал (1-3-6) дар ҷойи ёздаҳум, мунтахаби Қирғизистон бо касби 6 медал (0-3-3) дар ҷойи ҳаждаҳум ва мунтахаби Туркманистон бо касби як медали нуқра дар ҷойи бистум қарор доранд. Вале варзишгарони Тоҷикистон алъон медал ба даст наовардаанд.

Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо бештар аз 80 варзишгар дар 16 намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ, таэквондо WTF, гуштии озод ва юнониву румӣ, ҷудо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнабардорӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс ва ушу – намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарони тоҷик то ҳоло аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII осиёӣ оид ба футболи занона, гуштии озод ва юнониву румӣ, тирандозӣ, ушу, шиноварӣ, камонварӣ ва таэквондо рақобат карда, ноком шуданд.

Коршиносони соҳа дар ин Бозиҳо аз варзишгарони маъруфи тоҷик Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо ва самбо), Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш ва ҷудо), Саидҷалол Саидов, Набимуҳаммад Хоркашев (самбо), инчунин дар намудҳои бокс, каратэ, таэквондо ва ҷиу-ҷитсу медалҳо чашмдоранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат меварзанд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG