Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум гуфт, бадахлоқии роҳбон дигар ҳеҷ гоҳ такрор нахоҳад шуд


Попи Рум Франсиск
Попи Рум Франсиск

Поп Франсиск дар вокуниш ба фош шудани бадрафтории ҷинсии даҳсолаҳо алайҳи бачаҳо ва пинҳон кардани ин мавридҳо аз тарафи Калисои Католикҳои Рум, ба тамоми католикҳои ҷаҳон як номаи бенамуна навишт. Дар нома ба 1,3 миллард католик, ки рӯзи 20 август пахш шуд, Поп барои ин ҷиноятҳо бахшиш пурсид ва эътироф кард, ки дарди қурбониёнро "нодида гирифтанд, пинҳон доштанд ё хомӯш карданд".

Рӯзи 17 август, ҳайъати мунсифаи бузург дар Пенселвания гузориш дод, ки дар тӯли 70 соли гузашта дастикам 1,000 кӯдак қурбонии бадахлоқии 300 роҳиб шуд. Гузориш ҳамчунин ошкор кард, ки насли усқуфҳои Католики Рум батакрор барои ҳимоя аз қурбониҳои бадахлоқии ҷинсии роҳибон иқдом накарданд ва гунҳкоронро ба ҷавобгарӣ накашиданд.

Попи Рум бо ишора ба гузориши Пенсилвания дар номааш эътироф кард, ки ҳеҷ талоше барои бахшиш хостан кофӣ нест. Ӯ қавл дод, ки бадахлоқиҳои ҷинсӣ дигар ҳеҷ гоҳ такрор намешаванд.

Ин изҳорот дар остонаи зиёрати Поп Франсиск аз Ирлдандия, кишваре, ки аз ҷанҷолҳои марбут ба бадахлоқии ҷинсии роҳибон такон хурда буд, пахш шуд.

XS
SM
MD
LG