Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳавопаймои ҷангии "Кавсар"-ро намоиш дод


Рӯҳонӣ дар назди муҳаррики ҳавопаймои ҷангии сохти Эрон. 21-уми августи соли 2018
Рӯҳонӣ дар назди муҳаррики ҳавопаймои ҷангии сохти Эрон. 21-уми августи соли 2018

Эрон ҳавопаймои ҷангиеро ба намоиш гузошт, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар “100 дар 100” сохти маҳаллӣ аст.

Телевизиони давлатӣ тасвирҳои президент Ҳасан Рӯҳониро нишон дод, ки дар кабинаи ҳавопаймои "Кавсар" нишастааст. Ҳавопайморо дар намоишгоҳи Саноати дифои миллии Эрон ба намиш гузоштанд.

“Ин насли чаҳоруми ҳавопаймоҳои ҷангӣ бо “авионики пешрафта”, радари чандсоҳавӣ ва сад дар сад тавлиди бумӣ аст”, - навиштааст хабаргузории “Тасним”.

Телевизиони Эрон, ки ҳавопаймои ҷангиро дар хатти парвоз нишон дод, гуфт, ки он бомуваффақият аз санҷиш гузаштааст.

“Кавсар” бори аввал рӯзи 18-уми август аз тарафи вазири дифои Эрон Амир Ҳотамӣ муаррифӣ шуд, ки танҳо бо эълони чанд ҷузъиёт иктифо кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Эрон талаб кардааст, ки зимоми барномаҳои дифоияшро бикашад. Амрико моҳи май аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон хориҷ шуд ва қарор кард, ки таҳримҳоро алайҳи Теҳрон аз сар мегирад.

XS
SM
MD
LG