Рӯзҳои 18-19-уми август бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон ва дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.
Муддаиёни аслии медалҳои тиллои мусобиқот - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – пирӯзӣ ба даст оварданд. «Истиқлол» дастаи мизбон - «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 53-юм ба ҳадаф расонд.
Бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 25-26-уми август доир мешаванд.
«Хуҷанд» бошад, дар майдони худ бар ССКА «Помир» бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд. Голҳоро Манучеҳр Аҳмадов (дақиқаи 60-ум), Ҷаҳонгир Эргашев (63 – аз пеналтӣ), Идибек Ҳабибуллоев (84) ва Фарҳод Тоҳиров (90+4) заданд.
Дар бозии дигари даври понздаҳум «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ду голи «Кӯктош»-ро Абдурасул Раҳмонов (24, 69) ва як голи дигарро легионери узбекистонӣ Муҳиддин Одилов (35) ба самар расонданд. Голҳои меҳмононро Маҳмуд Ғаюров (47) ва Нуъмон Зокиров (87) заданд.
«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода низ дар майдони худ бар «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Се имтиёзро ба мизбонон голҳои Вайсиддин Сафаров (56) ва Наврӯз Рустамов (67) оварданд. Як голи меҳмононро Шарафҷон Солеҳов (84) вориди дарвоза намуд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври чордаҳум дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, бо 35 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. «Хуҷанд», ки ду имтиёз камтар гирифтааст, дар ҷойи дувум мебошад. «Кӯктош» бо 21 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.
Бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 25-26-уми август доир мешаванд: «Кӯктош» – ССКА «Помир», «Хатлон» – «Истиқлол», «Панҷшер» – «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ».
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум
«Кӯктош» – «Панҷшер» – 3:2
Голҳо: Абдурасул Раҳмонов, 24 (1:0). Муҳиддин Одилов, 35 (2:0). Маҳмуд Ғаюров, 47 (2:1). Абдурасул Раҳмонов, 69 (3:1). Нуъмон Зокиров, 87 (3:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Идан Окран («Кӯктош»).
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
18 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1200 тамошогар.
«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ» – 2:1
Голҳо: Вайсиддин Сафаров, 56 (1:0). Наврӯз Рустамов, 67 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 84 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
18 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошогар.
«Хатлон» – «Истиқлол» – 0:1
Гол: Фатҳулло Фатҳуллоев, 53.
Беҳтарин бозигари дидор: Никола Стошич («Истиқлол»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
19 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошогар.
«Хуҷанд» – ССКА «Помир» – 4:0
Голҳо: Манучеҳр Аҳмадов, 60 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 63 – аз пеналтӣ (2:0). Идибек Ҳабибуллоев, 84 (3:0). Фарҳод Тоҳиров, 90+4 (4:0).
Аз майдон хориҷ шуд: Вусал Магеррамов («Хуҷанд»), 11 – фол «умеди охирин».
Беҳтарин бозигари дидор: Меҳроҷ Шарифзода («Хуҷанд»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
19 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 5000 тамошогар.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
14 |
11 |
2 |
1 |
25-12 |
35 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
14 |
10 |
3 |
1 |
31-13 |
33 |
3 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
14 |
6 |
3 |
5 |
18-20 |
21 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
14 |
5 |
4 |
5 |
19-17 |
19 |
5 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
14 |
4 |
6 |
4 |
16-21 |
18 |
6 |
«Хатлон» (Бохтар) |
14 |
4 |
2 |
8 |
15-19 |
14 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
14 |
2 |
5 |
7 |
10-19 |
11 |
8 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
14 |
1 |
1 |
12 |
7-20 |
4 |
Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 8 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 5 тӯб.
Даври 15-ум
25 август (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Кӯктош» – ССКА «Помир»
26 август (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Хатлон» – «Истиқлол»
«Панҷшер» – «Хуҷанд»
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»
Ман тарафдорам, ки дембелхое, ки аз ин ба баъд бардафтори мекунанд якумра хабс карда шаванд. Бигзор дар турма мурда пусида раванд.
Чиба кампанияи майл.ру андоз намебандан
Biser kori zaruri hast. Vatan dar khatar monad, mo hama sarkhadchi hastem. Lekin baroi chi in korho fakat dar in nohiya, baroi chi dar nohiyahoi Kuhistoni Pomir in korho pesh namebarand? e hukumati Markazi fikri moro namekunad, e ba mo akkalan yaroki shikorchi gi dodan bovari nadorad. Leki darkor shavad, mo bo sang ham khonahoi khud va hukumat ro az tolibu , doishu digar, muhofizat mekunem, beshubha. Shikorchieni khub ham dorem dar in daraho.
Чарима не сержант зиндон 10 20 солин бадьахтхоро
Бовар дорам Фаридун Махмадалиев дар барномааш оид ба ин беинтизомии сарбозон накл мекунад. Камтар танкид хам бошад хуб аст. Ош бо сабзи бамаза аст. Касе гунахкор аст бояд чазо бигирад.