Вазири дифои Эрон гуфт, ин кишвар ба талошҳои худ барои инкишофи тавоноии мушакиаш идома медиҳад ва ҳафтаи оянда як ҳавопаймои ҷангии навро низ ба намоиш хоҳад гузошт.
Ин изҳорот аз тарафи Амир Ҳотамӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Вашингтон саъй дорад, ҷилави барномаҳои таслиҳотӣ ва, ҳамин тавр, нуфузи Эронро дар минтақа бигирад.
Хабаргузории “Форс” рӯзи 19-уми август аз қавли Ҳотамӣ гузориш дод, ки гуфтааст, ба рушди барномаи мушакӣ ё рокетӣ бартарӣ медиҳад. Ӯ гуфтааст, Эрон дар ин бахш аз вазъияти хубе бархӯрдор аст, вале ба рушди бештар ниёз дорад.
Вазири дифои Эрон афзудааст, ҳавопаймои ҷангии навро чаҳоршанбеи оянда, дар рӯзи саноати дифоии Эрон ба мардум нишон хоҳанд дод.