Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На НДС ва на боҷи гумрукӣ. Имтиёзи ҳукумат ба “Сафед-дара”


“Сафед-дара”, ширкати мутааллиқ ба моликони “Фароз”, аз баъзе имтиёзҳои молӣ бархӯрдор шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар як қарори худ, ки аввали моҳи августи имсол имзо гардид, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии воридотӣ аз тарафи “Сафед-дара”-ро аз андоз аз арзиши иловашуда ё НДС ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ба зудтарин фурсат расмиётро дар ин замина анҷом диҳад.

Ширкати “Сафед-дара” охирҳои соли 2016 маҷмааи лижаронии ҳамномашро дар ҳудуди ноҳияи Варзоб бозсозӣ карда ва ба истифода дод. Ширкат эълон кард, ки бо харҷи 80 миллион сомонӣ дар ин маҷмааи лижаронӣ, хатти нави ҳавоӣ, роҳчаи равон барои боло баромадан, майдончаи яхмолакбозӣ ва ду бинои нави хидматрасонии маиширо барои муштариён сохтааст.

Ширкати “Сафед-дара”, ки мутааллиқ ба моликони “Фароз” аст, ин маҷмааи лижарониро соли 2015 бо қимати 1 миллиону 925 ҳазор сомонӣ (беш аз 200 ҳазор доллар бо қурби онвақта) аз давлат харид.

Ширкати “Фароз” исми моликони воқеии худро боре ҳам нашр накардааст, вале расонаҳо борҳо гузориш додаанд, ки он ба афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG