Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина поин шуд


Яке аз бозиҳои дастаи Тоҷикистон бо тими Қирғизистон
Яке аз бозиҳои дастаи Тоҷикистон бо тими Қирғизистон

Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки имрӯз, 16-уми август, дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, як зина поин рафт ва дар байни 211 кишвар бо 1156 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор гирифтааст.

  • Фаронса, қаҳрамони ҷаҳон, дар феҳрасти нави FIFA бо 1726 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Белгия бо 1723 имтиёз ҷойи дувум ва Бразилия бо 1657 имтиёз ҷойи севумро соҳиб шудаанд.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (35-ум), Русия (49-ум) ва Беларус (78-ум) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 21-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1471 имтиёз дар зинаи 32-юм) қарор дорад. Австралия дувум (дар ҷаҳон 43-юм, 1431 имтиёз) ва Ҷопон севум (дар ҷаҳон 55-ум, 1392 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (35-ум), Русия (49-ум) ва Беларус (78-ум) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Литва (127-ум), Латвия (129-ум), Туркманистон (130-юм) ва Молдова (175-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон (92-юм) ва Узбекистон (95-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳрасти FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG